Дар Русия лоиҳаи нави Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия шудааст, ки дар сурати мавриди амал қарор гирифтани он метавонанд муҳоҷиронеро, ки дар ҳолати мастӣ мошин меронанд аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кунанд. Ҳамчунин ин муҳоҷироне, ки низ даст ба ҷинояти фасодкорӣ мезананд ба чунин сарнавишт гирифтор мешаванд.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС ба истинод ба маълумоти Вазорати умури дохилии Русия хабар медиҳад.
Вазорати умури дохилии ин кишвар пешниҳод кардааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷузъ масъулият дар чаҳорчӯби ҷавобгарии маъмурӣ дар бахши муҳоҷират, инчунин барои содир кардани дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз қаламрави Русия ихроҷ карда шаванд.
Дар тарҳи нави Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмури Русия ҳамакнун муҳоҷироне, ки дар ҳолати мастӣ қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд ва даст ба фасодкорӣ мезананд, тасим ҳаст аз қаламрави ин кишвар ихроҷ ё худ депорт мешаванд.
Вазорати умури дохилии Русия дар тарҳи мукаммали қонун механизмҳои нави назорати будубоши муҳоҷирон дар қаламрави ин кишварро пешниҳод карда, ҷавобгарии маъмурӣ ва ихроҷи маъмуриро дар як мафҳуми “ихроҷ аз Русия” муттаҳид кардааст. Кодекси нав аз сӯйи Вазорати адлияи Русия таҳия шуда, гуфта мешавад баъзе унсурҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар самти муҳоҷират таҷдиди назар карда мешавад.
Унсурҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар кодекси нав дар банди “дағалона” муттаҳид мешавад.
Ба ин банди қонун ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дорои хусусияти экстремистӣ-террористӣ, коррупсионӣ, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ ё тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳуқуқвайронкуниҳои дар ҳолати мастӣ содиршуда ё саркашии ронандагони воситаи нақлиёт аз муоинаи тиббӣ ворид шудааст.
Инчунин гуфта мешавад шаҳрвандони хориҷие, ки дар пайи ҳуқуқвайронунии маъмурӣ ихроҷ мешаванд, аз ҳуқуқҳои махсуси доштаашон дар Русия маҳрум карда мешаванд.
Ба иттилои расонаҳои русӣ сар аз 1-уми январи соли 2022 ихроҷи муҳоҷироне, ки бо корҳои ғайриқонунӣ машғуланд аз қаламрави Русия шуруъ шудааст. Аз корфармоёни рус барои ба кор қабул кардани чунин нафарон ба маблағи то 800 ҳазор рубл ҷарима ситонида мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста