Обуҳавошиносони Тоҷикистон эҳтимоли фаромадани тармаву сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳоро аз боришоти зиёд пешгӯӣ мекунанд.

Тавре ки Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, имрӯз, 25 феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ хавфи фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳии вилояти Хатлон хавфи фаромадани сел ва дар ҳавзаи дарёҳои Ёхсӯ ва Қизилсӯ (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Қаблан обуҳавошиносони ҷумҳурӣ моҳи февралро дар Тоҷикистон яке аз сербориштарин моҳҳо дар чанд соли ахир пешгӯйӣ карда буданд. Онҳо аз хавфи фаромадани тармаву сел ва сангреза дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, вилоятҳои Хатлону Суғд, инчунин ноҳияҳои ғарби ВМКБ ҳушдор дода буданд.

Дар ин робита имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар роҳҳои асосии кӯҳии кишвар: Душанбе-Варзоб-Айнӣ ва Душанбе-Ванҷ ба навбатдории шабонарӯзӣ идома медиҳанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ боисрор даъват мекунад, ки мувофиқи имкон аз сафар ба мавзеъҳои дорои хатари тармафароӣ, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво ва шикор худдорӣ кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.