Як манбаъ аз дар бахши тандурустии ноҳияи Қубодиён ба “АП” хабар дод. Ки се нафар захмиёни таркиши нуқтаи сӯзишворӣ дар Қубодиёнро ба шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Гуфта мешавад ин беморон бо дастури вазири тандурустӣ ба Душанбе интиқол дода шуданд.

"Рӯзи 1-марти соли 2022 ду нафар захмиёне, ки дар Маҷмаи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Қубодиён ва рӯзи 2-юми март як нафари дигаре, ки дар шуъбаи эҳёи Беморхонаи марказии ин ноҳия бистарӣ буданд, ба Душанбе интиққол доданд”,-  гуфт манбаи мо аз Қубодиён.

Ин дар ҳолест, ки то ба имрӯз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар бораи сабаб, ҳаҷми зарар ва оғози парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ин ҳодиса шарҳе надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Холиёр Нурматов, яке яке аз захмбардоштагони ин таркиш дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхт дар Қубодиён дар бемористон даргузашт.  Дар ин бора "Озодӣ" бо такя ба манобеаш дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён хабар дода буд. Нурматов 41 сол дошт.

Сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши маводи сӯхт, дар маркази ноҳияи Қубодиён, пеш аз асри рӯзи 21-уми феврал рух дод. 

Бар асари ин сӯхтор 14 нафар захм бардошта буданд, ки дар миёнашон занон низ буданд.

Ҳоло бо даргузаште як тан аз се нафаре, ки гуфта мешуд дар шуъбаи эҳё бистариянд, вазъи ду нафари дигар ҳам вазнин гуфта мешавад. 

Номи 13 захмии дигари ҳодиса:

  • Фахриддин Тағоймуродов – 22-сола;
  • Парвина Зокирова – 22-сола;
  • Валиҷон Менглиев – 22-сола;
  • Раҷаб Маллаев – 24-сола;
  • Ҷамшед Тилабов – 25-сола;
  • Илҳом Умаров – 27-сола;
  • Тоҳир Исмоилзода – 30-сола;
  • Марҷона Бекназарова – 36-сола;
  • Хуршед Эргашев – 39-сола;
  • Дарина – 39-сола;
  • Ботир Тағоймуродов – 57-сола;
  • Муҳаррам Ҷӯравева – 59-сола;
  • Тоҳир Бердимуродов –64-сола.

Сомонаи ВКД кишвар дар шарҳи ин ҳодиса хабар дода буд, ки сӯхтор дар сӯхтфурӯшии ҶДММ “Ориён нафт” соати 15:04 дақиқаи 21 феврал сар задааст. Ин ниҳод масоҳати сӯхторро 280 метри мурабаъ гуфта. Ба навиштаи ВКД сӯхтор аз таркиши як зарфи гази моеъ сар задааст, ки дар натиҷа 13 нафар ҷароҳати ҷисмони бардошта, 6 мошин ва ду чорво талаф ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.