Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (АKDN) дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов бо Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алан Ҳамсон мулоқот намуд. Ин мулоқот дар дафтари АKDN баргузор шуд.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (АKDN) ва Канада дар бахшҳои рушди манотиқи дурдаст, соҳаи аграрӣ, маориф, тандурустӣ, кумаки башардӯстона, муҳити зист ва тағйирёбии  иқлим ва дигар мавзуҳои марбут ба масъалаҳои рушд баррасӣ шуданд.

Ба гуфтаи ҷонибҳо, фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум омили асосии рушди ҳамгироии дуҷониба мебошад.

Дар ин дидор ҳамчунин зикр гардид, ки Ҳукумати Канада Ташкилоти Оқохон ва хадамотҳои онро ҳамчун шарики боэътимод эътироф намуда, таҷрибаи ғанӣ ва фаъолияти дарозмуддати барномаҳои онро ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии мардум мусбат арзёбӣ менамояд.

Дар охир ҷонибҳо омодагӣ ва ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми тоҷик изҳор намуданд.

Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (AKDN) ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.