Зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори иҷроия ва раиси Фонди глобалии экологӣ Карлос Мануэл Родригес масоили афзоиши маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои экологӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Тавре ки дафтари матбуоти Кумита хабар медиҳад, ин мулоқот 4 март дар шаҳри Найробӣ доир гардид.
“Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои афзоиши маблағгузории ФГЭ дар Тоҷикистон мутобиқи афзалиятҳои миллӣ ва ҳамкории фаъолтари ҷонибҳо барои ҳалли мушкилоти экологии Тоҷикистонро баррасӣ карданд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, раиси Кумита бо ҳамсӯҳбат фаъолияти кунунии Фонд дар Тоҷикистон, самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити зист, экология, минтақаҳои табиии ҳифзшаванда ва ғайраро баррасӣ намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаи энергетикаи “сабз” итаваҷҷуҳ зоҳир шуда, зикр гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 96 дарсади нерӯи барқ аз манбаъҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршавандаи энергия тавлид мешавад ва беш аз 9 млн дарахтони навбунёд парвариш карда шуда, дар давоми 5 соли охир дар Тоҷикистон шинонда шудааст, ки ин иқтидори кишвари моро барои маъвшавии гази карбон зиёд мекунад.
Зикр мегардад, ки дар фарҷоми мулоқот раиси Кумита ҷаноби Родригесро барои боздид аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби чорабиниҳои минтақавӣ дар соли 2022 даъват намуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста