Як ҳайати вижаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба боздоштҳои худсарона аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардааст, ки Ғаффор Мирзоев, яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст, аз зиндон озод кунанд. Ин ниҳод хулосаи коршиносони худро, ки гуфта мешавад, рӯзҳои 15 – 19 ноябри соли 2021 баррасӣ шудааст, дар сомонаш ҷой додааст.

Ғаффор Мирзоев рӯзи 6-уми августи соли 2004 аз ҷониби дастаи “ОМОН”-и ВКД Тоҷикистон дар ҷои кораш дастгир ва 11-уми августи соли 2006 бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар содир намудани 112 ҷиноят аз рӯи 34 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла терроризм, ташкили се куштор, кӯшиши ошӯби низомӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, суистеъмол аз мансаби хизматӣ ва ғайра гунаҳкор дониста ielf, ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Гурӯҳи кории СММ гуфтааст, ки хулосаи худро дар робита ба таҳқиқи парвандаи Мирзоев рӯзи 4 январи соли 2021 ба ҳукумати Тоҷикистон ирсол кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон ба хулосаи онҳо рӯзи 4 апрели соли 2021 посух дода, гуфтааанд, ки боздошту ҳабси Мирзоев дуруст ва мутобиқ бо қонунҳои Тоҷикистон мебошад.

Аз ҷумла, дар посухи ҳукумати Тоҷикистон ба СММ гуфта шудааст, ки дар ҷараёни мурофиаҳо ҳуқуқи Мирзоев риоя шуда, дар ҳама марҳилаҳои додгоҳӣ шахсан иштирок кард ва чор вакил аз ҳуқуқи ӯ дифоъ карданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, онҳо пеш аз мурофиаҳо бо парванда шинос шуданд, иҷозаи истифода аз компютер доштанд, 290 ҷабрдидаву шоҳид аз ҷониби доlситон, Мирзоев ва вакилонаш пурсида шуданд ва вакилон имкон доштанд, ҳар ваҷҳи парвандаро омӯхта, посухи худро бидиҳанд.

Коршиносони СММ пас аз таҳқиқи парвандаи Ғаффор Мирзоев гуфтаанд, ҷараёни боздошту ҳабс, эълони ҳукм ва муҳлати нигаҳдории Мирзоев бо нақзи фаровони қонунҳои Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳуқуқшиносони байналмилалӣ бандҳои алоҳидаи моддаҳои қонунгузории Тоҷикистонро дар алоҳидагӣ ба таври мушахххас шарҳ додаанд.

Дар матни хулосаҳо, аз ҷумла омадааст, Мирзоев 6-уми августи соли 2004 дар ҳоле боздошт шуд, ки аз замони таъин шуданаш ба мансаби раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир муддати кӯтоҳе гузашта буд. Ӯ то он замон, аз соли 1995 то январи 2004, дар мақоми фармондеҳи Горди президентӣ ва солҳои 2001-2004 ба ҳайси раиси Кумитаи олимпӣ кор кардааст.

Гурӯҳи кории СММ мегӯяд, мурофиаи додгоҳии Ғаффор Мирзоев ба таври боз барпо нашуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷавоб гуфтааст, қонуншиканиҳое, ки аз ҷониби Мирзоев содир шудаанд, ба давраи кораш дар мақомҳои раҳбарӣ ва сирри давлатӣ рабт доранд, аз ин рӯ, мурофиа пушти дарҳои баста баргузор гардид.

Муҳаққиқони СММ тахмин мекунанд, ки қазияи Мирзоев сиёсӣ аст ва ба пуштибонии эҳтимолии ӯ аз номзадҳои дигар ба мақоми президентӣ рабт дошт, ки дар фикри табаддулоти давлатӣ буданд.

- Вале ҳеч гоҳ далели чунин иттиҳомоти ҷиддӣ ба таври ошкор пешкаш нашудааст, - мегӯянд ҳуқуқшиносони байнулмилалӣ.

Яке аз танқидҳои гурӯҳи кории СММ ба муҳлати ҳабси Мирзоев ва мутобиқ набудани он ба қонунҳои кишвар рабт мегирад. Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки замони ҳабсу эълони ҳукми Мирзоев ба ҳукми қатл мораторий эълон шуд, аммо ҳабси абад, ки то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекард, пойбарҷо буд. Бар асоси ин ҳисобҳо ва маҷмуи иттиҳомоти мақомот, ҳуқуқшиносони байнулмилалӣ ба хулосае омадаанд, ки додгоҳ бояд ӯро ба 15 сол зиндон ҳабс мекард ва ӯ 6-уми августи соли 2019 озод мешуд.

Ба ҳисобҳои онҳо, дар сурати татбиқ шудани меъёри 25 сол зиндон ҳамчун муродифи ҳукми абад, санаи озод шудани ӯ соли 2029 фаро мерасад. Вале дар посухи ҳукумат ба СММ ба дуруст будани ҳисобу китобҳои мӯҳлати ҳабси Мирзоев таъкид шудааст.

Бояд гуфт, ки Ғаффор Мирзоев, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар (солҳои 1992-1997) яке аз қумондонҳои маъруфи Фронти халқӣ маҳсуб меёфт, борҳо ба афв шуданаш дархост додааст, аммо ҳамеша ҷавоби “не” гирифтааст.

Пас аз ҳабси Ғаффор Мирзоев қариб тамоми амволи дар қаламрави Тоҷикистон қарордоштаи ӯ ба нафъи давлат мусодира гардид. Бародарӣ ӯ Абдурасул Мирзоев бо дархости ҳукумати Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт ва дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Пас аз фирор аз тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ дар моҳи августи соли 2010 ҳамроҳи 25 нафари боздоштшудагони дигар, ӯ ба муҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

Аз замони ҳабси Ғаффор Мирзоев дар Тоҷикистон аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ чанд маротиба афв эълон шуд, вале ҳеҷ кадоме аз он нисбати ӯ мавриди амал қарор нагирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.