Мудири кулли КВД “Почтаи тоҷик” Фаридун Қурбонов мегӯяд, корхона фаъолияташро ба самти баъзе кишварҳо қатъ намуда, дар ҳамин ҳол, ирсоли бастаҳо (посилкаҳо) ба самти Русия идома дорад.

“Почта дар ҳама самтҳои дохили кишвар ва Русия бо реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. Мо назди ин кишвар ҳеҷ қарзе надорем, то ки баста ё мактуб фиристода натавонем”, - гуфт ӯ дар инкори овозаҳои нашршуда дар шабака ва илова намуд, ки ягона рӯзе, ки почта ба самти Русия фармоиш қабул накард, аввали моҳи феврал буд.

Ҷиҳати ирсол ба кишварҳои хориҷи дур мудири почта таъкид дошт, ки ба ин кишварҳо, аз ҷумла Англия ва Амрико хидматрасониҳо муваққатан боздошта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, зикр накард, ки маҳз аз кадом вақт почта корашро ба ин самтҳо қатъ кард, лекин сабаби онро шарҳ дод.

Ба гуфтаи Қурбонов, ин ба болоравии арзиши аслии хидматрасониҳо, хароҷоти пардохти парвози ҳавопаймоҳо, ки қимат шудааст.

"Пеш аз ин мо бо ин кишварҳо кор мекардем, аммо бо зиён барои худ", - гуфт ӯ ва афзуд, ки ҳоло ин масъала мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, ният доранд, ки дар ояндаи наздик ба Амрико ва Англия боз баста ва мактубҳоро ирсол кунанд.

Дар бораи кай ва чӣ гуна ҳал шудани ин мушкил Фаридун Қурбонов ҳарф назада, лекин зикр кард, ки ҳозир шаҳрвандон метавонанд аз хидматрасониҳои “Почтаи Аср” ва DHL, ки бо ирсол ба ин кишварҳо машғуланд, истифода баранд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Азия-Плюс” аз якчанд шуъбаҳои “Почтаи Тоҷик” боздид намуд ва дар он ҷо дар ин робита хабар доданд, ки аслан ҳозир ба Русия ҳам бастаҳо фиристода намешаванд ва аз 1 апрел ба онҳо қабули бандеролу бастаҳо ба кишварҳои Аврупо ва Русия манъ шудааст.

Айни замон танҳо экспресс-ирсол ё худ ирсоли фаврӣ кор мекунад, лекин бо нархи баланд. Ин хидматрасонӣ ба Русия 35 доллар ва кишварҳои Аврупо - то 65 доллар нарх дорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар шуъбаи почтаи рӯ ба рӯи мактаби рақами 1-и пойтахт хабар доданд.  

Дар робита ба DHL

Ширкати почтаи DHL-и Олмондар Тоҷикистон қабул ва ирсоли мактубу бастаҳоро ба Русия, Украина ва Беларус муваққтан манъ кард. Дар ин бора аз ширкати мазкур хабар доданд.

Зикр шуд, ки вазъи геополитикии атрофи Украина ва Русия водор намуд, ки чунин тасмим гирифта шавад, лекин дар самтҳои дигар ширкат бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.

Дар ширкат гуфтанд, бинобар сабаби тағйирёбии қурби доллар нархи хидматрасониҳояшон боло рафтааст, лекин маҳз ба чӣ миқдор, маълумот надоданд.

“Почтаи Аср” бастаҳоро ба Русия мефиристад, лекин ба Украина не. Ирсоли бастаҳо ба Русия, масалан ба Маскав 528 сомонӣ ва ҳуҷҷати то 300 грамм - 312 сомонӣ нарх дорад. Баста ё ҳуҷҷат дар муддати 12 рӯзи корӣ ба нуқтаи (каси) таъиншуда расонида мешавад.

Ба кишварҳои Аврупо ва ИМА айни замон танҳо ҳуҷҷатҳо фиристода мешаванд, масалан нархи ирсоли чунин бандерол бо 300 грамм ҳуҷҷат 858 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.