Интизор меравад дар Тоҷикистон 2-юми апрел расман оғози моҳи шарифи Рамазон эълон шавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, бо эҳтимоли зиёд дар назар аст, ки моҳи Рамазаон 2 апрел оғоз гардад, вале фардо рӯзи 29 март дар ҷаласаи аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ саънаи дақиқи моҳи шарифи Рамазон маълум ва эълон мешавад, - гуфтанд аз Кумитаи дин.
Ин дар ҳолест, ки дар Душанбе ва бархе шаҳрҳои дигари Тоҷикистон аз чанд рӯз пештар тақвимҳои моҳи шарифи Рамазон нашр ва фурӯхта мешаванд, ки дар онҳо оғози Рамазон 2-юми апрел нишон дода шудааст.
Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта Шӯрои улмаои Тоҷикистон оғози Рамазонро 13-уми апрел эълон карда буд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид Фитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, мутобиқи фармудаҳои дини ислом, ҳукми Худованд буда, мисли намозу закоту Ҳаҷҷ яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад.
Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста