5-уми апрел дар Душанбе маросими муаррифии якумин барномаи мобилӣ барои тарбияи фарзандон баргузор шуд. Барномаи мазкур «Беббо» номгузорӣ шуда, дар доираи шарикии байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таҳия гардидааст. Ин барнома бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гаштааст.

Барномаи мобилии «Беббо», ин як ташаббуси минтақавии ЮНИСЕФ дар 11 кишвари Аврупо ва Осиёи Марказӣ буда, мутобиқ намудани онро барои волидон дар Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ кард.

«Беббо» барои волидон ва парасторони кӯдакони то 6-сола манбаи иттилооти асоснок оид ба рушди барвақтии кӯдакон мебошад. Инчунин, мутахассисони соҳаи рушди барвақтии кӯдак, кормандони тиббӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ метавонанд аз барномаи мобилии мазкур истифода намоянд.

Дар маросими муаррифии расмии барномаи мобилии «Беббо» муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, Сардори намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои дахлдори давлатӣ, шарикони рушд ва волидони ҷавон ширкат меварзанд.


Дар рафти чорабинӣ иштирокчиёни бо хусусиятҳо ва бартариҳои барномаи мобилии «Беббо» шиносоӣ пайдо намуда, дар мастер-классҳои мавзӯӣ оид ба истифодабарии асбобҳои барнома аз қабили тақвими иммунизатсия, ҷадвали қад ва вазн, инчунин муоинаи нақшавӣ иштирок менамоянд.

Барномаи мобилии «Беббо» синну сол ва эҳтиёҷоти кӯдакро ба инобат мегирад ва онро волидон метавонанд дар яквақт истифода намуда, имконият доранд, ки якбора якчанд фарзандони то 6-солаи худро дар барнома номнависӣ кунанд.

Инчунин, барномаи мобилии «Беббо» барои дастгирӣ намудани волидон дар солҳои аввали ҳаёти фарзандон ба волидони додани имконияти қайди иммунизатсияҳо, муоинаҳои нақшавӣ ва дигар марҳилаҳои асосии рушдро пешниҳод менамояд. Барномаи мазкур барои волидони кӯдакони аз таваллуд то 6 сола пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, «Беббо» барои ҳар як кӯдаке, ки номнавис шудааст, мувофиқи синну сол ва ҷинси ӯ тавсияҳои инфиродӣ медиҳад. Ҳамзамон, ба ҳар яке аз волидон пойгоҳҳои таълимӣ дар шакли мақолаҳо, дастурҳои видеоӣ, тавсияҳо барои бозиҳо ва машғулиятҳои ҳаррӯза пешниҳод карда мешаванд.

Барноми мобилии «Беббо» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас буда, якумин барнома дар чунин шакл барои волидон дар Тоҷикистон мебошад. Он ба дониши муътамад ва усуслҳои амалии тарбияи кӯдакони хурдсол ва ҳавасмандии онҳо дастрасӣ пешниҳод менамояд.


Бояд тазаккур дод, ки барномаи мобилии мазкур дар доираи "Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 татбиқ мегардад. Махсусан барои тавсеаи дастрасӣ ба барномаҳои рушди барвақтии кӯдакон ва барномаҳои такмили малакаҳои волидон дар самти нигоҳубин, тарбия ва ҳавасмандкунии барвақтии кӯдакони хурдсол. Илова бар ин, барномаи мобилии «Беббо» ба татбиқи Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Барномаи мазкур барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии волидон, парасторон ва мутахассисони рушди барвақтӣ оид ба оғози беҳтарини ҳаёти кӯдак дар давоми шаш соли аввали ҳаёт равона шудааст.

Барои оғози беҳтарини ҳаёт ҳар як кӯдак ба саломатии хуб, ғизои мутавозин, ғамхорӣ ва муҳити бехатари оилавӣ ниёз дорад. Тарбияи фарзанд малакае мебошад, ки онро ҳар як волидайн аз худ карда метавонад ва барномаи мобилии мазкур дар такмили малакаҳои тарбиявии худ ва рушди пурраи иқтидори фарзанди худ ба шумо кӯмак мерасонад.


«Беббо»– шарики киссагии шумо дар тарбияи фарзандон буда, ҳамавақт дастрас мебошад.

Шумо метавонед барномаро тавассути пайванд ё рамзи QR зеркашӣ намоед:

 

Барои корбарони iOS

Барои корбарони Android