Шаҳрдории Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтахт ба ғолибони озмунҳои “Мураббии сол-2021”, “Омӯзгори сол-2021” 10 ҳазор сомонӣ  ҷоизаи молӣ тақдим мекунад. 

Бино ба иттилои  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ба ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2021”- 10 ҳазор сомонӣ, “Омӯзгори сол-2021”-10 ҳазор сомонӣ ва “Хонандаи сол-2021”- 6 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти тақдим мегардад.

Гуфта мешавад, ки маблағи умумие, ки ба омӯзгорон тақдим мегардад дар умум 27740  сомониро ташкил медиҳад.

Идораи маорифи Душанбе мегӯяд, ки ба ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маориф  ин ҷоизаҳо  дар маросими хос тақдим мешаванд..

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005, ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар  Тоҷикистон  Рӯзи пойтахт - шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.