Пас аз танаффуси дусола Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо Ҳиндустону Эрон барқарор мекунад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ.
“Пас аз танаффуси дусола бар асари пандемияи COVID-19, Тоҷикистон парвозҳоро бо хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-НурСултон-Душанбе ва Душанбе-Теҳрон-Душанбе дубора аз сар гирифта, парвозҳо 2 маротиба дар як ҳафта анҷом дода мешаванд”, - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе аз 9 апрел ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” оғоз карда, парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанбе ширкати ҳавопаймоии эронии “Iran air” анҷом медиҳад.
“Ба наздикӣ “Iran air” ба анҷоми парвозҳои мустақим бо хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанбе ҳафтае ду маротиба оғоз мекунад. Мувофиқи имкон ширкати “Сомон Эйр” ҳам бо ин хатсайр парвозҳо ба иҷро мерасонад”, - гуфтанд дар Агентии авиатсияи гражданӣ.
Бино ба маълумоти ширкати “Сомон Эйр” барои парвоз бо хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ба мусофирон пешниҳод кардани гувоҳномаи пурра гузаштан аз ваксингирӣ зидди коронавирус бо забони англисӣ кофист. Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд ё қисман ваксина гирифтаанд, бояд маълумотнома (справка)-и тести ПСР аз COVID-19-ро бо забони англисӣ, ки на дертар аз 72 соат то расидан ба фурудгоҳи Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод намоянд. Ғайр аз ин, мусофироне, ки ба Деҳлӣ парвоз мекунанд, бояд мақом (статус)-и худро дар онлайн-портали Air Suvidha навсозӣ кунанд. Ба мусофироне, ки ба Тоҷикистон меоянд, пешниҳоди маълумотномаи ПСР-тест дар бораи гирифтор набудан ба сирояти коронавирус зарур аст. Муҳлати амали тест - 72 соат мебошад. Барои кӯдакони синни то 3-сола маълумотнома талаб намешавад.
Дар Агентӣ ҳамчунин хабар доданд, ки бо мақсади сабук ва мусоид кардани равуои шаҳрвандон ва поинравии нархи билетҳо, парвозҳои доимӣ бо хатсайрҳои Душанбе-Алмато-Душанбе, Душанбе-Дубай-Душанбе, Душанбе-Истанбул-Душанбе, Душанбе-Тошканд-Душанбе, инчунин парвозҳо ба шаҳрҳои гуногуни Русия зиёд карда мешаванд.
“Бо ин мақсад Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамкории мутақобиларо бо раҳбарияти сохтори марбутаи кишварҳои хориҷи дур ва наздик, инчунин ширкатҳои ҳавопаймоӣ тақвият бахшида, бо дархости ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ ҷадвали парвозҳо мувофиқа мешавад”, - гуфтанд дар Агентӣ.
Ёдрас мекунем, ки бо сабаби пандемияи коронавирус дар як қатор шаҳрҳои Эрон, парвозҳо байни Тоҷикистон ва ин кишвар аз 24 феврал боздошта шуда буданд. Аз 20 марти соли 2020 Тоҷикистон парвозу қабули ҳавопаймоҳоро дар ҳамаи фурудгоҳҳо қатъ кард.
Ҳушдор аз гардиши пулҳои қалбакӣ. Бонки миллии Тоҷикистон пайомади пардохт бо “Чиптаи Бонкии Шӯхӣ”-ро шарҳ дод
“Танк”-и тоҷик ба рақобатҳояш дар UFC идома медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон дар Истаравшан мактабу корхонаи нав ифтитоҳ кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сулаймон ва Билқис”
Боздошти як зан дар Хатлон барои химчакӯб кардани набераҳояш
“Сӯхта, нобуд кардем”. Дар Хатлон беш аз 3 тонна доруву маҳсулоти тиббӣ нобуд карда шуд
“Барои хӯрок ва роҳкиро”. Донишҷӯёни тоҷик бештар барои чӣ пул сарф мекунанд?
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста