Рӯзҳои 21-22 апрели соли ҷорӣ Намояндаи доимии Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон, сафир Қозидавлат Қоимдодов барои пешрафти барномаҳои хадамоти AKDN ба маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд сафари корӣ анҷом дод.

Дар ин сафар, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Намояндаи доимии AKDN ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба амалисозии лоиҳаҳои наве, ки барои хоҷагии халқи вилоят заруранд, мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суҳбат Раиси вилоят таъкид кард, ки вилояти Суғд дорои имконоти фаровон буда, бо ҷалби сармоя метавон лоиҳаҳоро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, соҳаи саноат барои ташкили корхонаҳои хурду бузург амалӣ намояд. Гуфта шуд, ки ҷонибҳо метавонанд барои ташкили корхонаҳои коркарди меваву сабзавот, пӯст, пахта, воридсозии технологияҳои нави замонавӣ ва бунёди гармхонаҳои инноватсионӣ ҳамкориҳои густардаро ба роҳ монанд.

Роҳбарияти вилоят ҳамзамон аз нақши барномаҳои Ташкилоти Оқохон дар рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини минтақаҳои гуногун бо оби полезиву нӯшокӣ ёдоварӣ кард ва барои идомабахшии чунин лоиҳаҳои судманд пешниҳодҳои худро ироа намуд.

Сафир Қозидавлат Қоимдодов дар суҳбат бо роҳбари вилоят иброз дошт, ки Ташкилоти Оқохон дар умури рушд (AKDN) дар Тоҷикистон дорои беш аз даҳ хадамоти гуногун аст ва дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тиббу маориф бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамкориҳои судманд дорад.

AKDN якҷо ба ниҳодҳои давлатии вилояти Суғд ҷиҳати таъмин намудани бархе минтақаҳо бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, пешниҳоди қарзҳои гуногун тавассути «Аввалин бонки молиявии хурд», ташкили курсҳои махсус барои забономӯзӣ саҳм гузошта истодааст. Ташкилоти Оқохон дар Тоҷикистон инчунин тасмим дорад, ки дар вилоят гармхонаҳои гидропоникӣ бунёд намуда, ба ин васила дар таъмини амнияти озуқаворӣ низ кӯмаки амалии худро расонад. Намояндаи AKDN ҳамзамон иттилоъ дод, ки аз ҷониби ташкилот барномаи миёнамуҳлат барои даҳ сол таҳия мегардад ва вилояти Суғд низ метавонад номгӯи тарҳҳои муҳими иҷтимоиро барои дарёфти сармоягузорӣ пешниҳод намояд. Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии нақша ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба охир расид.


Санаи 22 апрел маросими расмии ифтитоҳи дафтари кории яке аз барномаҳои Ташкилоти ОқохонAccelerate Prosperity дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар маросими мазкур сафир Қозидавлат Қоимдодов,  сафири Иттиҳоди Аврупо Мэрилин Йосефсон дар Тоҷикистон, муовини раиси вилоят оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва молия Анвар Яъқубӣ ва директори ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев иштирок доштанд. Дафтари мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи рушди босуръат дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (AP-Asia) кушода шудааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Фонди Тоҷикистонии Оқохон (AKF) маблағгузорӣ мешавад.

Дар ин маросим Қ. Қоимдодов суханронӣ намуда, зикр кард, ки маҳз бо будани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҳифзи манфиати соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти Ташкилоти Оқохон, махсусан ширкатҳои Тcell ва Памир Энерҷӣ, мехмонхонаи "Серена", "Аввалин Бонки Молиявии Хурд" дар бозори кишвар муваффақ мебошанд. Дар ин муассисаҳо ва ширкатҳо ба  насли наврас маркетинг ва мененҷменти муосири иқтисод ва соҳибкорӣ омузонда шуда, ҳамзамон ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда истодаанд.

Таъкид гарид, ки Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (AKDN) ҳамчун шарики боэътимоди Ҳукумат дар тули  28 сол дар ҳамкорӣ бо ҳукумат ва шарикон барномаҳои сатҳи милливу минтақавиро таҳияву татбиқ намуда, дар эҷоди ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони кишвар, баланд бардоштани сифати зиндагии мардум ва мусоидат намудан ба муҳити амну амонӣ дар ҷомеа нақши назаррас гузошта истодаанд. Инчунин дигар, барномаҳои Ташкилот бар асоси Стратегияи Рушди Миллӣ тарҳрезӣ карда мешаванд ва ҷиҳати амалӣ гардидани онҳо тамоми захираҳову имконоти дастрас истифода бурда мешавад.

Ифтитоҳи дафтари Accelerate Prosperity барои васеъ кардани имкониятҳо барои расонидани кумаки ҳамаҷониба дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ тавассути баланд бардоштани сатҳи дониши соҳибкорони ояндадор  ва имкони гирифтани қарзҳои имтиёзнок барои таҳияи лоиҳа кӯмак хоҳад кард.

Ташкилоти Оқохон оид ба рушд (AKDN) ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин  баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд.