Ҳафтае пеш намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва дипломатҳои тоҷик ба паноҳгоҳе дар Сурия рафта, занҳоро барои бозгардонидан ба Тоҷикистон номнавис карданд. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаъҳояш хабар додааст.
Ҳадаф аз сафари намояндагони тоҷик ба Сурия, фароҳам овардани шароити бозгашти занони тоҷик ба ватан гуфта мешавад.
Намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва дипломатҳо бо занони тоҷик дар паноҳгоҳҳо вохӯрданд.
Ду зани тоҷик дар паноҳгоҳи “Роҷ” ба Радиои “Озодӣ” тасдиқ карданд, ки намояндагони мақомот ба назди онҳо омада, номи онҳоро навиштаанд ва ваъда додаанд, ки ба Тоҷикистон бармегардонанд.
Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Кувайт низ ба “Озодӣ” хабари сафари намояндагони тоҷик ба Сурияро тасдиқ кардааст.
- Тибқи супориши роҳбари давлат мо пурра муайян карда истодаем, ки вазъият чӣ хел аст, кӣ рафтан мехоҳад, кӣ рафтан намехоҳад. Мо онҳоро муайян карда истодаем ва барои бурданашон саъю кӯшиш карда истодаем. Ин кор зери назорати роҳбарияти давлат ва вазорати корҳои хориҷӣ аст,” - афзудааст Зубайдзода.
Дар паноҳгоҳи Роҷ ва Ал-Ҳавли Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд.
Ин занон аз соли 2018 ба ин тараф аз мақомот мехоҳанд, то онҳоро ба ватан баргардонанд. Бештари онҳо дар Сурия худро фиребхӯрда медонанд ва мегӯянд, шавҳаронашон онҳоро ба инҷо овардаанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Тоҷикистон 89 кӯдакро аз Ироқ бозгардонда буд.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста