Дар нашриёти “Аржанг”-и шаҳри Душанбе китоби нави пажӯҳишгари таърих ва рӯзноманигор Қурбони Аламшоҳ таҳти унвони “Фарҳанги гиромидошти табиат дар Бадахшон” муниашир шудааст.

Донишманд нашри ин асарро барои эҳёи дубораи донишҳои дар ҳоли фаромӯшии мардумӣ бисёр муҳим хондаанд.

Дилшод Раҳимӣ фарҳангшинос ва мудири Пажӯҳишгоҳи фарҳангу иттилооти Вазорати фарҳанг, дар пешгуфтори ин асар навиштааст, ки асари нави Қурбон Аламшоев натиҷаи пажӯҳишҳо ва ҷустуҷӯҳои муаллиф роҷеъ ба ҷамъоварии донишҳои дар ҳоли фаромӯшӣ қарордоштаи ниёгон дар бораи парастиш, гиромидошти табиат бо тамоми захоири наботӣ, ҳайвонӣ ва иқлимиву ҷуғрофии он дар қаламрави Бадахшони Тоҷикистон аст.

Мақолаҳои ин китоб, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таълиф гардидаанд, дар заминаи сафарҳои тадқиқотии муалллиф ба минтақаҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вулусволиҳои ҳаммарзи Вилояти Бадахшони кишвари исломии Афғонистон баъди анҷоми суҳбатҳои мутааддид бо афроди куҳансол ва донандагони анъанаоту донишҳои мардумӣ рӯи коғаз омадаанд.

Наҳваҳои пазироии ҷашнҳои куҳани мардумӣ, парастиши ҳайвоноти ваҳшии кӯҳӣ, истифодаи гиёҳҳо дар ғизо ва тибби мардумӣ, ҷамъоварии қонунҳои нонавиштаи ҳифзи табиат дар Помир, маънидод кардани вожаҳои “убол, уболгат” ва “ганда”, нақши мазорҳо дар ҳифзи табиат аз ҷумлаи мазуъҳоеянд, ки дар ин китоб мавриди баҳс қарор гирифтаанд.

Ин китоб барои кормандону мутахассисони соҳаҳаҳои таъриху этнография, табиатшиносӣ, этнофарҳангӣ, гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист, барои тамоми дӯстдорони табиату фарҳанги кишвар пешбинӣ шудааст.

Қурбони Аламшоҳ

Қурбони Аламшоҳ аз камтарин журналистон ва донишмандоне аст, ки дар бораи таърих ва суннатҳои мардумии ВМКБ, инчунин чеҳраҳои намоёни ин минтақа мақолаву китобҳо менависад. Ӯ ду сол пеш филми мустанадеро таҳти унвони "Ба дунболи озодапаланг: аз Мурғоб то Шоҳин" таҳия кард, ки дар мавриди озодапаланг ё бабри барфӣ дар Тоҷикистон сухан меравад.

Аламшоев муассиси Оҷонсии иттилоотии «Помир-Медиа» (2006), навидномаи «Чатри симин» (1998-2006), рӯзномаи иттилоотӣ-таҳлилии умумиҷумҳуриявии «Помир» (2010) мебошад. Номбурда 31 декабри соли 2013 дар мавзӯи «Шириншоҳ Шоҳтемур – ходими ҷамъиятӣ ва сиёсии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.Ӯ ҳамчунин узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон низ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.