Садҳо сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт рӯзи 9 май дар раҳпаймоии “Полки ҷовидон” ба муносибати 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд. Шахсони пиронсолу ҷавонон бо суратҳои иштирокчиёни ҷанг дар даст аз кӯчаи Дӯстии халқҳо то Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ намуданд.

Онҳо назlи пояи Гулхани абадӣ дар боғ гулҳо гузошта, шеъру сурудҳои давраи ҷангро сароиданд.

Дар Тоҷикистон имрӯз ҳамагӣ 57 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангида, аз ин шумор 92 ҳазор ҳалок ва бе ному нишон шуданд. Барои корнамоиҳо дар ҷанг ба 65 нафар зодагони Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.