Шаҳрдории Душанбе аз фаъолшудани хатсайри нави автобус дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ин автобуси шумораи 27 буда дар хатсайри Коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ - Терминали ҷанубӣ ҳаракат хоҳад кард.
Қарор аст ин автобус 23-юми май дар хатсайри мазкур ба кашонидани мусофирон бипардозад.
Биноба иттилои Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе автобуси 27 дар ин хатсайр ба василаи кӯчаву хиёбонҳои Истиқлол-2, Машъал, А.Қаҳҳоров, А.Ҷомӣ, Н.Қарабоев, А.Фирдавсӣ, Қосимов, Ҷанубӣ, шоҳроҳи Душанбе-Бохтар то Терминали ҷанубӣ ва баръакс ҳаракат хоҳад кард.
Шаҳрдории Душанбе тамғаи автобусҳои ин масирро «KING LONG» гуфтааст ва дар хабарнома таъкид шудааст, ки пардохти роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста