Шурӯъ аз 5 июни соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Истанбул –Душанбе дар як ҳафта се парвоз анҷом медиҳад. Ин парвозҳо рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе сурат хоҳанд гирифт. Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар медиҳад.
Манбаъ гуфт, парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои “Boeing 737-800” ва “Boeing 737-900” ба анҷом расида, вақти парвоз аз Душанбе соати 06:10 ва нишаст дар фурудгоҳи Истанбул 09:35 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
- Дар самти баргашт парвоз аз Истанбул соати 10:45 сурат гирифта, дар Душанбе ҳавопаймои ширкат соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ менишинад, - афзуданд аз ин ширкат.
Дар сомонаи расмии ширкати “Сомон Эйр” нархи чиптаи ҳавопаймо барои парвози рӯзи 5 июн ба самти Душанбе-Истанбул 337 евро дар “эконом-класс” ва 507 евро дар “бизнес-класс” нишон дода шудааст. Нархи бозгаштбарои мусофирон дар “эконом-класс” 280 евро ва дар бизнес-класс 530 евро арзиш дорад.
Қобили зикр аст, ки сар аз 21 май ширкати ҳавопаймоии туркии Turkish Airlines, ки низ дар масири Душанбе-Истанбул парвозҳо анҷом медиҳад, теъдоди парвозҳояшро афзоиш дод: рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе аз Душанбе ба Истанбул ва рӯзҳои якшанбе, чоршанбе ва ҷумъа аз Истамбул ба Душанбе. Вақти парвоз аз Душанбе 05:25, аз Истамбул ба Душанбе соати 20-45 ба вақти маҳаллӣ.
Мусофирони аз Душанбе ба Истанбул сафардошта (аз 6-сола боло), аз ҷумла мусофирони транзитӣ тибқи талабот бояд шаҳодатномаи ваксинатсия (ба забони аглисӣ) ва ё маълумотномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ (бо забони англисӣ), ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба Туркия дода шудааст, пешниҳод намоянд.
Мусофирони аз Истанбул ба Душанбе сафаркунанда пеш аз парвоз бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба қаламрави Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд
Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста