Равуои микроавтобуси хатсайри №44 дар шаҳри Душанбе аз 1 июн қатъ шуда, ба ҷойи он автобуси дигар ҳаракат мекунад, хабар медиҳад шаҳрдории пойтахт.

Гуфта мешавад, ин хатсайри микроавтобус аз ҷамоати Қӯштеппа то маҳаллаи Лоҳутӣ (ЖБК-6) равуо мекард.

“Бо зиёд намудани шумораи автобусҳо ва иваз намудани нуқтаи охири хатсайри автобусии №4 аз терминали Маром то маркази савдои «Кушониён» мунтазамнокии ҳаракати автобусҳо дар ин масир таъмин карда мешавад”, - омадааст дар эълони шаҳрдорӣ.

Дар хатсайри автобусии №4 (таваққуфгоҳи маркази савдои «Кушониён» - Терминали Шарқӣ) фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, Рӯдакӣ, У.Хайём, М.Турсунзода, Шарқ, Меҳнат, К.Раҳимов, А.Лоҳутӣ, Шотемур, Х.Деҳлавӣ, Г.Валаматзода ва С.Айнӣ роҳандозӣ мегардад.

Аз сокинону меҳмонони пойтахт дархост мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКIA» ва «KING LONG» истифода баранд.  

Зимнан зикр мегардад, ки пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.