Аз маълумоти пойгоҳи (стансияи) обуҳавосанҷии “Ҳушёри” бармеояд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 имсол об дар дарёи Варзоб зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти сардори пойгоҳ Мирзо Азизов, имрӯзҳо хароҷоти об дар дарёи Варзоб 60-65 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, солҳои ахир ин нишондиҳанда 10-15 метр камтар буд.

Бар асари тағйирёбии иқлим тайи даҳ соли ахир хароҷоти об дар дарёи Варзоб ба ҳисоби миёна ду баробар кам шудааст - аввали солҳои 2000-ум дар он ба ҳисоби миёна 120 ва 20 сол пеш - 150 метри мукааб об ҷорӣ мешуд.

Оғози дарёи Варзоб - ҷойи пайвастшавии Майхура (аз чап) ва Зиддеҳ (аз рост)
Asia-Plus

Ба гуфтаи мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, омили асосии пастшавии сатҳи рӯдхона тағйири иқлим аст, ки дар натиҷа майдони пиряхҳо дар сарчашмаҳо кам мешавад.

Дар дараи Варзоб 20 сол пеш то 200 пиряхи хурду калон мавҷуд буд, имрӯз бошад, 60 пиряхи он аллакай аз байн рафтааст.
Пиряхҳои соҳили дарёи Варзоб
Asia-Plus

Сардори пойгоҳи барфу тармаи “Майхура” Қодир Восидов зикр кард, ки нисбат ба соли гузашта имсол бештар барф борида, баландии қабати барф дар атрофи Майхура 1,3-1,5 метрро ташкил дод.

Бар асари гармии обуҳаво барф хеле тез об шуда, қитъаҳои хатарноке ба вуҷуд меоянд, ки дар он ҷойҳо фаромадани тарма имконпазир аст.

Санҷиши маҷрои об
Asia-Plus

Ба гуфтаи Восидов, дар мавсими зимистону баҳор дар 32 қитъаи минтақаи Майхура хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

“Қитъаи хавфноктарин масофаи байни километрҳои 62 ва 74-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мебошад, ки дар давраи зимистону баҳор дар ин қитъаҳо ҳодисаҳои тармафароӣ бисёр ба қайд гирифта мешаванд”, - гуфт мутахассис.

Мутахассион мегӯянд, дар давраи тармаву селфароиҳо ба дарё сатҳи оби он боло рафта, хароҷоти об то 200 метри мукааб дар як сония зиёд мешавад.

Дастгоҳҳои обуҳавосанҷии пойгоҳи Майхура
Суратҳо: Asia-Plus

Қобили зикр аст, ки дар пойгоҳҳои “Майхура” ва “Ҳушёри” барои санҷиши обуҳаво ва падидаҳои гидрологӣ аз таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир истифода шуда, дар давоми рӯз якчанд бор ба Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ маълумот фиристода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.