Шумори муҳоҷирони бинокор дар Русия то 500 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст, ки аз чор як ҳиссаи нишондиҳандаи охири соли 2020-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора ба РИА Недвижимость президенти Иттиҳодияи миллии сохтмончиён (НОСТРОЙ) Антон Глушков хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, бино ба омори расмӣ, то охири соли 2020 дар сохтмонҳо 800 ҳазор нафар ва тибқи арзёбии коршиносон - ҳудуди 2 млн нафар кор мекарданд.

“Имрӯз амалан омори расмӣ вуҷуд надорад, зеро ҳамаи онҳо ҳамчун сайёҳ назди мо меоянд. Дар сохтмонҳо имрӯз тақрибан ҳудуди 500 ҳазор муҳоҷир машғули коранд, ки аз чор як ҳиссаи шумори пештараро ташкил медиҳад”, - иброз доштааст Глушко.

Ӯ зикр кардааст, ки айни замон норасоии бештари муҳоҷирони корӣ дар минтақаҳои Русия эҳсос мешавад, зеро Маскав, Санкт-Петербург ва якчанд шаҳри бузурги дигар ба далели баландтар будани маош муҳоҷиронро зиёдтар ҷалб мекунанд.

Ба гуфтаи Глушков, муҳоҷирон аз рӯи анъана ба корҳои тайёр кардани дохили бино машғул буданд ва имрӯз онҳо аз ҷониби мутахассисони рус қариб иваз нашудаанд, ки дар натиҷа пешниҳоди манзили дохилаш барои иқомат тайёр кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Ирек Файзуллин, вазири сохтмони Русия ба хабаргузории РИА Недвижимость гуфтааст, ки ҳоло ширкатҳои сохтмонӣ дар робита ба мушкили камбуди муҳоҷирон муроҷиат намекунанд.

Ба гуфтаи Файзуллин, гурӯҳи кории байниидоравии ҳукумат "нисбати коргарон аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хеле дақиқ кор мекунад".

Вазир афзудааст, ки илова бар ин, дар чаҳорчӯби мубориза бо таҳримҳои кишварҳои Ғарб, Вазорати сохтмон самтҳои нави пайдоиши меҳнатро таҳия хоҳад кард.

“Шояд бинокорон аз Ҳиндустон ҳам оянд”, - хабар додааст ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.