Ширкати амрикоии Second Wind маълумот дар бораи муҳоҷират ба ИМА бо гирифтани раводид (виза) тариқи сармоягузориро дар доираи барномаи ЕВ-5 барои солҳои 2011-2021 нашр кард.
Ширкати мазкур маълумоти омори Хадамоти шаҳрвандӣ ва муҳоҷират тариқи сармоягузориро истифода кардааст.
Дар маълумот зикр мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин давра ҳамагӣ 8 раводид тариқи сармоягузориро ба даст овардаанд, аз ҷумла 7 раводид дар соли 2015 ва 1 раводид дар соли 2016.
EB-5 — барномаи давлатии ИМА барои додани раводиди муҳоҷират ба сармоягузорони хориҷӣ мебошад. Раводидҳо тариқи сармоягузорӣ дар доираи ин барнома ҳамасола дар баробари “грин-корт (ҳуҷҷати иҷозаи иқомат) дода мешаванд ва бо гузашти 5 сол гирифтани шаҳрвандии ИМА имконпазир мешавад. Ҳаҷми ҳадди ақали сармоягузорӣ ба иқтисоди ИМА тибқи ин барнома бояд на камтар аз 800 ҳазор долларро ташкил диҳад.
Гуфта мешавад, соли 2021 шумори раводидҳои ЕВ-5, ки ба шаҳрвандони Русия ва кишварҳои ИДМ дода шудааст, ба таври назаррас кам шуд.
Ба ин тариқ, сармоягузорони Русия ҳамагӣ 9 чунин раводид гирифтаанд, ки 4 баробар камтар нисбат ба як соли пеш ва 9 баробар камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.
Байни кишварҳои ИДМ дар баробари Русия соли гузашта танҳо ба шаҳрвандони Озарбойҷон (4 раводид) ва Арманистон (1 раводид) муяссар шудааст, ки чунин раводидҳо гиранд.
Сабаби коҳиши назарраси пешниҳоди раводиди ЕВ-5 дар Русия ва кишварҳои ИДМ баста шудани консулгариҳо, инчунин фаъолияти бесамар ва нокофии хадамоти ИМА оид ба баррасии аризаҳо маънидод мешавад.
Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ давоми солҳои 2011-2021 шаҳрвандони Қазоқистон нисбатан бештар раводидҳо тариқи сармоягузории ИМА-ро соҳиб шудаанд - ҳамасола аз 5 то 18 раводид.
Тӯли ин солҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон 12 раводид ва Туркманистон 1 раводиди ИМА тариқи сармоягузориро гирифта, дар бораи Қирғизистон дар мавриди ин масъала маълумот дода намешавад.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста