Имсол 27 июн дар Тоҷикистон 25-солагии ҷашни  Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Тибқи маъмул ба ифтихори ид дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои тантанавӣ ва фароғатӣ баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки ин рӯз ид буда, мутобиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” дар саросари кишвар рӯзи истироҳат аст.

Чӣ гуна чорабиниҳои асосӣ тоҷикистониёнро интизоранд.

Душанбе

Дар пойтахт рӯзи 27 июн дар назди шаршараи маҷмааи “Наврӯзгоҳ” чорабинии фарҳангӣ ва фароғатӣ баргузор мешавад.

Тавре ки аз бахши фарҳангии шаҳрдорӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, дар барномаи ҷашнӣ, ки соати 18:30 оғоз мегардад, консерт ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мешавад.

Сурат: khovar.tj

Дар ин рӯз барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар чаҳор ноҳияи Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Рӯзи 28 июн ба ифтихори ҷашн дар “Наврӯзгоҳ” мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштин баргузор мешавад. Оғоз соати 17:00.

ВМКБ

Дар ВМКБ то имрӯз аллакай як қатор чорабиниҳои фаврҳангӣ ва варзишӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла рӯзи 20 июн барои ғолибият дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба мини-футбол ба ноҳияи Рӯшон ҷоиза тақдим гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати вилоят хабар доданд.

Ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо ба муносибати ҷашн дар Боғи фарҳангу истироҳати “Чорбоғ”-и шаҳри Хоруғ аз 18 июн бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ доир гардида истодааст, ки то 24 июн идома меёбад.

Сурат: khovar.tj

Дар чаҳорчӯби ин чорабиниҳо рӯзи 25 июн мусобиқа оид ба волейбол байни занон барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят ба охир мерасад.

Чорабинӣ дар сатҳи вилоят бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25 июн дар боғи “Чорбоғ” баргузор мешавад.

Хатлон

Дар вилояти Хатлон низ чорабиниҳо ба муносибати ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз аввали моҳ оғоз ёфта буданд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Раёсати фарҳанги вилоят хабар доданд, аз 8 то 15 июн иқдоми “Корвони модарони ваҳдатсаро” гузаронида шуд, ки дар он 80 нафар модарон ширкат варзиданд. Бо иштироки онҳо дар 25 шаҳру навоҳии вилоят барномаҳои маърифатӣ ва ватандӯстӣ баргузор шуданд. Ин иқдом рӯзи 15 июн дар Кӯлоб ба анҷом расид.

Ҳамчунин ҳар рӯзи шанбеи ҳафта дар 35 боғҳои фарҳанги вилоят бо иштироки ҳанармандони маҳаллӣ барномаҳои консертӣ намоиш дода мешаванд.


Дар Раёсат зикр карданд, ки чорабинии асосӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27 июн дар варзишгоҳи нави Бохтар бо 15 ҳазор ҷойи нишаст баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ - соати 18:30.

Дар ин чорабинӣ сарояндаҳои маъруф ва гуруҳҳои рақсии вилоят ва ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Суғд

Чорабинӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи вилоят 27 июн дар Хуҷад баргузор мешавад. Он дар назди театри “Камоли Хуҷандӣ” соати 17:00 оғоз мегардад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати маҳаллӣ хабар доданд, дар барномаи фарҳангӣ сарояндагони маъруф ва дастаҳои рақсии вилоят иштирок мекунанд. Дар ҳамин ҷо намоишгоҳ ҳам доир мегардад.

Сурат: tiroz.org

Рӯзи 26 июн дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд барномаҳои фарҳангӣ ва сайругаштҳои оммавӣ гузаронида мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.