Тошканд, Душанбе ва Бишкек ба рӯйхати арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои иқомати мутахассисони хориҷӣ шомил шуданд. Ин маълумот дар радабандии Cost of Living City Ranking оварда шудааст, хабар медиҳад centralasia.media.

Дар феҳрист ҳамагӣ 227 шаҳр зикр шуда, радабандӣ аз гаронтарин то арзонтарин сурат гирифтааст.

Дар ин радабандӣ Тошканд зинаи 221-ум, Душанбе - зинаи 225-ум ва Бишкек - зонаи 226-умро ишғол кардаанд.

Гаронтарин шаҳр барои иқомати хориҷиён Ҳонконг ва арзонтарин - Анқара эътироф шудааст.

Ба даҳгонаи гаронтарин шаҳрҳо якбора чор шаҳри Швейтсария: Сюрих, Женева, Базел ва Берн, инчунин Тел-Авив, Ню-Йорк, Сингапур, Токио ва Пекин шомил гардидаанд.

Дар даҳгонаи арзонтарин шаҳрҳо инчунин Истанбул, Қарочӣ, Исломобод, Алмато (зинаи 219-ум) зикр шудаанд.

Чунин радабандии гаронтарин ва арзонтарин шаҳрҳо барои сафар ё кӯчбандӣ ҳамасола таҳия мешавад.

Танҳо дар соли 2021 бар асари пандемияи COVID-19 тасмим гирифта шуд, ки таҳқиқот гузаронида намешавад.

Қобили зикр аст, ки шаҳрҳо аз рӯи нархи зиёда аз 200 маҳсулот ва хидматрасонӣ, аз ҷумла қимати иҷораи манзил, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ, арзиши ғизо, сарулибос ва шароити истироҳату фароғат баҳогузорӣ мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.