Забони адабии меъёрии тоҷикӣ, ки забони давлативу ҳатмӣ дар Тоҷикистон аст, қариб танҳо дар расмиёт, васоити ахбори омма ва адабиёт истифода мешавад.

Мардум маъмулан бо лаҳҷаву шева бо ҳам суҳбат мекунанд. Бисёре аз шаҳрвандон бо забони адабӣ фикри худро баён карда наметавонанд.

Чаро забони давлатии мо як забони меъёрии умум нест? Дар ин кӣ бештар гунаҳкор аст – худи шаҳрвандон, сохторҳои масъул, ВАО ё зиёиён?

Мо намояндагони ҳар кадоме аз тарафҳоро якҷо дар ток-шоуи “Рости гап” гирд оварда, баҳсе оростем! Охир забон – на танҳо воситаи муошират, балки як абзори ҷомеасозу давлатсоз аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.