Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон  зимни нишасти матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 12 июл гуфт, намоиши “Манқурт. Реквием"-и коргардон Барзу Абдураззоқов бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи кишвар қобили қабул набуд ва аз ин рӯ, намоиш дода нашуд.

Давлатзода, ҳамчунин афзуд, ки коргардон "аз матни асар дур рафта, онро таҳриф кардааст".

- Коргардон аз матни аслии муаллиф, Чингиз Айматов, дур рафта, ба он иловаҳои худро ворид ва муҳтавои асарро таҳриф кардааст. Намоиш бо чунин шаклу мазмун барои сиёсати имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар ва барои таълиму тарбияи насли наврас қобили қабул дониста нашуд, яъне аз ҷониби шӯрои бадеӣ пазируфта нашуд", – шарҳ дод вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Вале дар ҳамин ҳол, худи коргардон Барзу Абдураззоқов дар суҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфтааст, муҳтавои асари Чингиз Айтматовро дигар накард, балки муҳит ва қаҳрамонҳоро тоҷикӣ кард.

Ҳамчунин, вай афзудааст, ки онҳо зимни таҳияи ин намоиш ба сиёсат дахл накардаанд.

Сурат: Коллажи Asia-Plus

- Мо муҳитро ба Тоҷикистон овардем ва ин фоҷиаи як зани тоҷик бо фарзанди манқурташ буд. Мо ба сиёсат дахл накардем. Мо ҳувияти миллии тоҷиконро таҳлил кардем. Ҳанӯз ба ин назарам, ки манқуртизатсия яке аз масъалаҳои муҳими мардуми мост. Инки мегӯянд, ба сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ созгор нест, тарс аз русҳо аст, ки мабодо хафа нашаванд, – гуфтааст Абдураззоқов.

Ёдовар мешавем, ки Намоиши "Манқурт. Реквием", аз рӯйи асари маъруфи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов "Дуроҳаи бӯронӣ" дар коргардонии Барзу Абдураззоқов таҳия гардид. 

Қарор буд, ин намоишнома 20-уми май дар театри "Падида" намоиш дода шавад. Вале рӯзи 19 май мақомот нагузоштаанд, ки он  рӯйи саҳна биояд. Далели мақомот ин буд, ки намоишнома бояд аз назари шӯрои бадеӣ гузарад.

Он вақт худи Барзу Абдураззақов ин мавзуъро барои расонаҳо шарҳ надод ва танҳо навишт, ки “намоиши "Манқурт" баста шуд”.

- Далелҳояшро намедонам, беҳтар аст бигӯям, ки медонам, аммо намехоҳам, ки вориди гумонзаниҳои "бемавқеъ" шавам. Дақиқан монанди ин латифа: "чӣ бинависам, бе ин ҳам ҳама чиз маълум аст",-навиштааст коргардон.

Коргардон дар он навиштаи фейсбукияш гуфта буд, ки манъ шудани намоиши "Манқурт" онҳоро афсурда кардааст, зеро нақша доштанд намоишҳои дигареро ҳам ба саҳна бигузоранд.

Чанд сол пеш ҳам аз намоиши яке аз корҳои дигари ин коргардонро низ манъ карда буданд. Намоиши "Девонагӣ. Соли 93" низ соли 2009, пас аз як ду бори рӯйи саҳна омадан, аз сӯи мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон манъ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.