Шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи теъдоди афроде, ки дар нимаи аввали соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтанд, пас аз Укроин дар ҷои дуввум қарор доранд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 74 ҳазору 162 зодаи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.
Ин омор дар як шабонарӯз ҳудуди 410 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ қариб 287,5 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро гирифтанд. Аз ин шумор 204 ҳазору 820 нафар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд.
104 ҳазору 168 нафаре, ки шиносномаи Русия гирифтаанд, шаҳрвандони Укроин буда, дар гирифтани шаҳрвандии Русия дар зинаи аввал қарор доранд. Дар ҷои дуюм Тоҷикистон қарор дорад.
Арманистон бо 22 ҳазору 136 нафар дар зинаи сеюм аст. Баъдан Қазоқистон (21 ҳазору 647), Ӯзбекистон (13 ҳазору 099), Озарбойҷон (12 ҳазору 329), Қирғизистон (10 ҳазору 632), Белорус (8 ҳазору 853), Молдова (8 ҳазору 239), Гурҷистон (1,840), Туркманистон (1549), Литва (137), Латвия (134) ва Эстония (57).
Гуфта мешавад, як сол қабл теъдоди хориҷиёне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, 64 ҳазору 167 нафар бештар будааст. Яъне шумораи онҳо 12 фоиз кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, теъдоди хориҷиёне, ки ба қайди муҳоҷират ворид шудаанд, афзоиш ёфтааст. Дар шаш моҳи аввал ин рақам нисбат ба соли гузашта қариб 3 миллион нафар афзуда, беш аз 8 миллион нафарро ташкил дод.
Аз ҷумла, имрӯз 2 миллиону 156 ҳазору 25 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия сабти ном шудаанд, ки 1 миллиону 774 ҳазору 034 нафарашон барои дарёфти кор ба Русия омадаанд.
Дар 6 моҳи соли 2022, 24 ҳазору 698 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи иқомати муваққатӣ ва 51 ҳазору 463 нафар иҷозаи иқомат (асосан) гирифтаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, дар соли 2021-ум 103 ҳазору 681 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт карда буданд.
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Чӣ тавр дар шароити хона занбӯруғ парвариш мекунанд?
Панҷ гузариши гаронтарин. Футболбозони тоҷикро бо чанд пул хариданд?
Шаш соли ҳабси як сокини Хуҷанд барои "паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири шаробхор ва зоҳид”
Дар Қазоқистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро аз сардӣ наҷот додаанд
НАВШУДА. Бег Сабур ва Шералӣ Мирзо аз вазифа озод шуданд. Номзадии Юсуф Раҳмон барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд
Ҳашари якҷояи сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста