Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Новосибирск вакили рус дар Шӯрои ин шаҳрро “ба барангехтани кинаву адовати миллӣ” муттаҳам мекунад.

Минҳоҷиддин Каримов, раҳбари Созмони фарҳангии тоҷикон ва узви раҳбарони Шӯрои машваратӣ оид ба масоили фарҳангӣ ва байниқавмӣ дар назди шаҳрдори Новосибирск, мегӯяд, бояд пеши роҳи иғвоангезиҳои Ростислав Антонов гирифта шавад. Ҷузъиёти баҳсро Радиои Озодӣ нашр кардааст.


Баҳси Каримов бо вакили рус аз он оғоз шуд, ки Антонов раиси ҷамъияти тоҷикони Новосибирскро барои бетарафӣ дар қазияи куштори духтари рус аз сӯйи шаҳрванди Тоҷикистон танқид кард.

Ӯ аз мақомоти Русия талаб кардааст, ки созмони фарҳангии тоҷиконро маблағгузорӣ накунад.

Каримов гуфтааст, ҳеҷ маблағе аз мақомоти Русия дарёфт накардааст ва ба ҷуз аз бархе барномаҳои давлатӣ тамоми иқдомҳои дигари созмон бо пули худи тоҷикони Новосибирск аст.

Охири моҳи июл дар шаҳри Новосибирск шаҳрванди Тоҷикистон бо корд собиқ дӯстдухтари худро кушт. Дар ин робита мақомоти пулис шаҳрванди Тоҷикистон Хушнуд Ҳамроевро боздошт ва ба ҳабс гирифт.

Ростислав Антонов гуфтааст, раиси ҷамъияти фарҳангии тоҷикон, барои ин амали ҳамватанаш аз хонаводаи духтари кушташуда узр напурсид.

Минҳоҷиддин Каримов ин ҷиноятро маҳкум карда иброз доштааст, ки вокуниш ба ин қазия, ки ҳанӯз таҳқиқаш анҷом наёфтааст, дар салоҳияти онҳо нест. Дар ҳар сурат Каримов гуфт, аз модари духтари фавтида маъзарат хостааст.

Ба гуфтаи ӯ, бори аввал нест, ки вакили рус бо чунин баёнияҳо кӯшиши барангехтани кинаву адовати миллӣ мекунад ва бо ин роҳ мехоҳад таваҷҷӯҳ ба худро бештар кунад.

Минҳоҷиддин Каримов, узви Шӯрои машваратии байниқавмӣ ва милӣ дар назди шаҳрдори Новосибирск ва муовини ҷамъияти иттиҳоди созмонҳои кор бо муҳоҷирон аст.

Каримов мегӯяд, тасмим дорад пешниҳод кунад, ки масъулини шаҳрдори Новосибирск ва шӯроҳо дар ҷаласае рафтору баёнияҳои ба қавли ӯ иғвоангезонаи Антоновро муҳокима кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.