Дар Душанбе аз 20 то 27 август супоридани тест барои хонандагони синфҳои аз 2 то 8-ум, ки дар мактабҳои нави аз ҷониби Вазорати маорифи Русия сохташуда таҳсил кардан мехоҳанд, оғоз мегардад.

“Тестгирӣ мувофиқи фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва харитаи роҳи муштараки Вазоратҳои маорифи Русия ва Тоҷикистон гузаронида мешавад”, - хабар дод сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалии Вазорати маориф ва илми ҶТ Илҳом Камолзода.

Маълумоти мазкур дар саҳифаи сафорати Русия дар Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии Facebook нашр шудааст.

Гуфта мешавад, корҳои сохтмону насб дар ҳамаи панҷ мактаб, ки бо дастгирии Русия дар панҷ шаҳри Тоҷикистон сохта шудааст, пурра ба охир расида, айни замон таъмину муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо лавозимоти зарурӣ ҷараён дорад.

Дар назар аст, ки 1 сентябри соли равон ҳамаи ин панҷ мактаб дарҳои худро барои толибилмон боз мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар барномаи “Русия-Тоҷикистон - пули дӯстӣ” дар радиои “Садои Душанбе” Камолзода зикр кард, ки интихоб (тестгирӣ) танҳо барои хонандагони синфҳои аз 2 то 8-ум доир гардида, тасмим гирифта шудааст, ки хонандагони синфҳои болоӣ қабул карда намешаванд, зеро ҷиҳати омодагии хуб ба имтиҳони ягонаи давлатӣ (ЕГЭ)-и Русия фурсат намеёбанд.

“Дар мактабе, ки дар кӯчаи Н.Махсум дар Душанбе қомат афрохт, то имрӯз барои таҳсил аз 3500 нафар ариза қабул шудааст”, - гуфт Илҳом Камолзода.

Қобили зикр аст, ки мактаб дар Душанбе барои таҳсили 1224 хонанда пешбинӣ гардида, дар дигар мактабҳо ҳам ҳамин шумор қабул мешавад ва дар маҷмӯъ ин муассисаҳои таълимӣ беш аз 6 ҳазор нафар толибилмонро ба таҳсил фаро гирифта метавонанд.

Таҳсил дар мактабҳо бепул аст

Ба гуфтаи ӯ, айни замон комиссияи таъсисёфтаи иборат аз директорони тозатаъини панҷ мактаб, омӯзгорон ва намояндагони Вазорати маориф барои интихоби хонандагон тест мегиранд.

Мувофиқи тартиботи амалкунанда, супоридани тест барои хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои русзабон дар ду давра гузаронида мешавад: 1) тести донистани забони русӣ ва 2) суҳбат дар бораи дониши хонандагон аз рӯи фанҳо.

Дар ҷараёни интихоби хонандагон барои таҳсил дар синфҳои аз 2 то 8-ум зиёда аз 20 нафар иштирок хоҳанд кард.

“Минбаъд зиёд кардани шумори ҷойҳои таҳсил дар мактабҳо пешбинӣ нашудааст, зеро ин ба сифати ҷараёни таълим таъсир меасонад”, - изҳор намуд Илҳом Камолзода.

Бино ба иттилои ӯ, дар панҷ мактаби русзабон ба сурати умум 356 омӯзгори фанҳои гуногун ба кор қабул шуда, дар ҳар кадоме аз мактабҳо 73 муаллим дарс хоҳанд дод.

“Аз нақшаи пешбинишуда дар маҷмӯъ 75% омӯзгор ба кор қабул қабул шуда, ба ҷойҳои холии кории боқимонда омӯзгорон аз Русия ҷалб мешаванд. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой масъалаи ҷалби 38 омӯзгор аз Русия мавриди ҳаллу фасл қарор дорад”, - илова намуд намояндаи Вазорат.

Тибқи ҳуҷҷатҳои расмӣ ба мактабҳо номи қаҳрамонҳо ва ходимони фарҳанги Русия гузошта шудаанд. Мактаб дар Душанбе ба ифтихори аввалин кайҳоннавард Юрий Гагарин, Бохтар - олим  М.В.Ломоносов, Хуҷанд - адиб А.П.Чехов, шаҳри Турсунзода - олими рус Дмитрий Менделеев ва Кӯлоб - олими соҳаи маорифи Русия К.Д.Ушинский номгузорӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки ин мактабҳо дар панҷ шаҳри кишвар сохта мешаванд. Баронмаи мазкур бар асоси ҳамкории ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия амалӣ мешавад. Қаблан Алексей Оверчук, муовини сарвазири Русия изҳор намуда буд, ки барои сохтмони ин муассисаҳои таълимӣ Русия 150 млн доллар ҷудо кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.