Дар навоҳии кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои Тоҷикистон то 21 август хатари омадани сел боқӣ мемонад, ҳушдор додааст Кумитаи ҳлатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва аз сокинони ин манотиқ хоҳиш кардааст, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатари эҳтимолӣ селроҳаҳо, ҷӯйборҳо, каналҳоро аз хасу хасрӯбаҳо пок намоянд.

"Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки то 21 август аз рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум, алафдарав, моҳидорӣ ба соҳили рӯдхонаҳо, чорвочаронӣ дар саҳроҳо худдорӣ намоянд", - таъкид кардааст КҲФ.

Ҳамчунин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба кӯҳнавардон, гардишгарон ва ронандагон тавсия додааст, ки ҳангоми сафар дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд, бахусус ронандагон ҷиддан қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Дар ҳолати зарурӣ сокинон метавонанд бо телефонҳои “112” ё 223 13 11, ки шабонарӯз фаъол аст, муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.