Роҳбарият ва кормандони ошхонаи “Одилон” дар Исфара, ки чанде пеш 22 нафарро заҳролуд карда буданд, 1 ҳазору 280 сомонӣ ҷарима шуданд.

Таҳқиқи ҳодисаи заҳролудшавии мизоҷон дар ин қаҳвахона ба анҷом расида, зимни он муайян гардидааст, ки сабаби заҳролудшавии 22 сокини ин шаҳр бактерияҳои стафилококк будааст. Дар ин бора як нафар аз ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, масъулони қаҳвахона барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар корхонаҳои хӯроки умумӣ  (моддаи 117-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) ҷарима шуданд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло қаҳвахонаи "Одилон" дубора ба фаъолият оғоз карда, ду тан аз кормандони ин қаҳвахона, ки бемории онҳо сабаба заҳролудшавӣ гардида буд, пас аз табобат ба кор баргаштаанд.

“Ду нафари дигар дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд табобат мегиранд”, - иброз дошт манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки бар асари бемории стафилококк доштани 4 нафар ошпази қаҳвахонаи “Одилон” дар маркази шаҳри Исфара 22 нафар заҳролуд шуда буданд. Бактерия дар хӯриш бо иловаи майонез ошкор шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.