Президенти Русия Владимир Путин пешниҳоди ифтитоҳи марказҳои мутобиқшавиро барои муҳоҷирон, ки дар онҳо ба муҳоҷирон қонун ва расму оинҳои Русия омӯзонида мешавад, маъқул донист, менависад хабаргузории РИА Новости.

Дар вохӯрӣ бо Владимир Путин роҳбари Агентии федералӣ оид ба умури миллатҳо Игор Баринов пешниҳод намудааст, ки ба таври озмоишӣ дар якчанд минтақаҳои Русия барои муҳоҷирон марказҳои мутобиқшавӣ боз гардад.

Ба гуфтаи ӯ, таъсиси чунин марказҳо яке аз тадбирҳои пешгирии аз муҳит ва ҳаёти ҷомеа дур мондани муҳоҷирон аст.

“Дар ин марказҳо ҳамчунин кумакҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ гирифтан имкон дорад, зеро, тавре равоншиносон мегӯянд, муҳоҷир фишори зиёд эҳсос мекунад”, - иброз доштааст вай.
Сурат: ТАСС

Путин дар навбати худ зикр намудааст, ки мақомоти кишварҳое, ки аз он ҷо муҳоҷирон ба Русия меоянд, “ба ин пешниҳод розӣ буда, омодаанд, ки ба ин кор ҳамроҳ шаванд".

“Дар ин кишварҳо ҳама розианд. Дар Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистон бо қаноатмандӣ аз ин иқдом дастгирӣ хоҳанд кард, онҳо ба ин манфиатдоранд. Танҳо моро лозим аст, ки бештар дар ин ҷойҳо фаъол бошем”, - гуфтааст Путин.

Хабаргузории Фергана менависад, дар як қатор минтақаҳои Русия, аз ҷумла дар Санкт-Петербург, Красноярск ва Тюмен марказҳои мутобиқшавии муҳоҷирон аллакай амал мекунанд. Аввалин чунин марказ соли 2013 дар Тамбов боз шуд.

Дар давраи аз моҳи апрел то июн 3,12 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ вуруди худро ба Русия барои кор зикр кардаанд, ки нишондиҳандаи рекордӣ тайи шаш соли ахир аст. Аз лиҳози теъдоди муҳоҷирони кории ба Русия воридшуда Ӯзбекистон (1,54 млн нафар), Тоҷикистон (900 ҳазор нафар) ва Қирғизистон (200 ҳазор нафар) пешсафанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.