Ба равуои шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тариқи постгоҳи марзии “Ҷартеппа”-и Ӯзбекистон воқеъ дар сарҳад бо Тоҷикистон маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ мешавад. Дар ин бора нашрияи инернетии daryo.uz бо истинод ба Раёсати минтақавии гумрук хабар медиҳад.
Сабаби муваққатан баста шудани гузаргоҳ таъмири асосӣ ва ободонии он бо мақсади “фароҳам овардани шароити мусоиду бароҳат барои мусофирон” маънидод мешавад.
Ба иттилои нашрия, маҳдудият ҳам ба шаҳрвандон ва ҳам воситаҳои нақлиёт дахл дорад.
“Истисно инҳоянд:
- кормандони хадамоти дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ;
- аъзои ҳайатаҳои расмӣ (давлатӣ);
- кормандони созмонҳои хориҷӣ, ки дар доираи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ фаъолият мекунанд;
- ронандагони машғул ба боркашонии байнулмилалӣ;
- шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба кишвари худ бармегарданд;
- шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки ба Тоҷикистон раҳсипоранд”, - зикр мешавад дар хабари нашрия.
Дар ҳамин ҳол, бисёре аз ВАО муваққатан баста шудани гузаргоҳро ба нишасти қарибулвуқӯи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Самарқанд рабт медиҳанд. Қаблан Ӯзбекистон фурудгоҳро ба муддати 3 рӯз баста, оғози соли хонишро дар мактабҳои миёнаву олӣ ба 19 сентябр гузаронид.
Дар Раёсати умури дохилии вилояти Самарқанд маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе ВАО-ро дар мавриди баста шудани роҳҳо замони баргузории нишаст рад намуда, изҳор доштанд, ки “зимни зарурати маҳдуд кардани ҳаракат дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Самарқанд, маълумот дар ин хусус дар саҳифаҳои расмии Раёсат нашр хоҳад шуд”.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад.
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста