Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ба Эмомалии Нуралӣ, чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Манбаъ гуфт, Рустами Эмомалӣ имрӯз, 5-уми сентябр, Эмомалии Нуралиро ба ҳузур пазируфта, ӯро барои ба даст овардани медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон, табрик гуфт ва "чун нишони қадрдонии Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе, ба чемпиони ҷаҳон калиди хонаи 2 ҳуҷрагиро бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим намуд".

Эмомалии Нуралӣ

“Раиси шаҳри Душанбе ба варзишгар дар мусобиқаҳои оянда барору музаффарият таманно намуда, иброз дошт, ки ҷавонони бо нангу номус муаррифгар ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд”, - иттилоъ доданд аз шаҳрдории Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон, ки дар шаҳри Гуайкили Экводор баргузор гардид, Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни зери 66 кг соҳиби медали тилло шуд.