Абдуқодири Рустам, адиб ва мунаққиди тоҷик, гузоштани муҷассамаҳои Рӯдакӣ дар Боку ва Низомии Ганҷавӣ дар Душанберо “фиреби сиёсӣ аз ҷониби мақомдорони Озарбойҷон” номида, гуфтааст, онҳо “аз ин тариқ мехоҳанд тоҷиконро фиреб диҳанд”.

Ӯ ин матлабро дар саҳифаи фейсбуки худ интишор карда, навиштааст, ки бо ин ташаббус озарбойҷониҳо мехоҳанд “мо худ иқрор бишавем, ки бале, Низомӣ шоири озарбойҷониҳо аст... Яъне, мо озариҳо тандиси шоири шумо - Рӯдакиро дар пойтахтамон мегузорем ва шумо иҷозат бидиҳед, ки тандиси шоири мо - Низомӣ дар пойтахти шумо гузошта шавад...”

Абдуқодири Рустам ин пешниҳодро "панир дар мушқапак" унвон карда, таъкид намудааст, ки ин он “чанд соли пеш низ аз ҷониби сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон матраҳ шуда буд, вале он замон Академияи илмҳои Тоҷикистон онро напазируфт”.

Ин адиби тоҷик навиштааст, ки “Низомии Ганҷавӣ аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик буда, онро ҳукумати шӯравӣ ба озарбойҷониҳо додааст”, аз ин лиҳоз, тандиси ӯ бояд дар Душанбе бо маблағи миллати тоҷик гузошта шавад.

Ӯ ҳатто гуфта, ки омодааст барои бунёди муҷассама аз ҷайби худ маблағ пардохт намояд.

Ин пешниҳоди Абдуқодири Рустам дар шабакаи иҷтимоии фейсбук баҳси гарми рӯшанфикронро ба вуҷуд овард.

Аз ҷумла, Қироншоҳ Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон навишт, ки бо ин пешниҳоди мақомдорон “розӣ шудану амалӣ кардан, боз як торсакӣ ба рӯйи таърихи миллат задан хоҳад буд”.

Шаҳрия Аҳтамзод, ки соли 1989 ба Озарбойҷон сафар ва мазори Низомиро зиёрат кардааст, менависад: “Он замон хеле хушҳол шудем, ки байтҳояш ба форсӣ ва хати форсӣ насб шуда буданд, аммо баъдҳо огоҳ шудем, ки ин ҳамаро ба озарӣ гардондаанд, ки хеле зишт аст”.

Марямбонуи Фарғонӣ, шоири тоҷик бошад, бо ҷонибдорӣ аз ин пешниҳоди Абдуқодири Рустам, тазаккур додааст, ки “мактабҳои қаблан ба номи Низомии Ганҷавӣ бударо, ки ҳоло тахриб шудаанд, дубора бо ҳамин ному рақам эҳё бояд кард”.

Адаш Истад, нависандаи соҳибноми тоҷики муқими Самарқанд ба ин ташаббуси мақомдорон ва пешниҳоди Абдуқодири Рустам созишкорона бархӯрд карда, навиштааст, ки “мо бояд чунон рафтор кунем, ки ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”.

“Тамоми мардуми олам медонад, ки Низомии Ганҷавӣ танҳо ба форсӣ навиштааст”, - иброз намудааст Адаш Истад.

Дар баробари ин, баъзе аз иштирокчиёни баҳс пешниҳод кардаанд, ки бояд роҳи мусолиҳаомезеро интихоб кард ва муҷассамаи Низомиро дар Душанбе гузошта дар зераш “шоири бузурги форсизабони Озарбойҷон” навиша кунанд.

Ҳамчунин, пешниҳод кардаанд, ки ба ҷойи Низомии Ганҷавӣ ягон нависанда ва шоири классикии Озарбойҷон, масалан Иброҳимов Мирзо Аҷар оғлӣ, нависандаи халқии Озарбойҷон, гузошта шавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар умум, аксари рӯшанфикрони мудохили ин баҳс аз пешниҳоди Абдуқодири Рустам ҷонибдорӣ карда, навиштаанд, ки Низомии Ганҷавӣ шоири форсу тоҷик аст ва муҷассамаи он ҳатман бояд дар Душанбе гузошта шавад.

Ёдовар мешавем, км Низомии Ганҷавӣ аз шоирони маъруфи классики тоҷику форс буда, дар қаламрави Озорбойҷони имрӯза таваллуд ва дар шаҳри Ганҷа дафн карда шудааст. Ӯ тамоми осори хешро бо забони форсӣ навиштааст.

Дар Озарбойҷон аз Низомии Ганҷавӣ ба ҳайси шоири миллӣ қадрдонӣ мешавад ва бар замми гузоштани муҷассамаҳои ӯ, ҳамчунин дар пули миллӣ ҳам сурати ӯ ҷой дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.