Субҳи ду рӯзи ахир нисбат ба рӯзҳои пешин ҳаво хунуктар буд. Ҳанӯз шабона ҳарорат то +13°C поин фаромада, рӯзона ҳамагӣ то +29°C гарм шуд.

Сокинони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ хунукиро эҳсос намуданд. Дар Хуҷанд субҳ ҳарорат ҳамагӣ то 17 дараҷа гарм шуд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, бо вуҷуди тамоили умумии поинравии ҳарорат, якбора ва базудӣ тағйирёбии обуҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ дар назар нест.

То охири ҳафта дар Душанбе ва навоҳии гирду атрофи он ҳарорат дар сатҳи маъмулӣ - +33 +35°C қарор хоҳад дошт. Нишондиҳандаи ҳарорат дар ин рӯзҳо дар Gismeteo +31…+32°C зикр шудааст.

Бо вуҷуди ин, ояндаи наздик боришот дар назар набуда, то охири ҳафта обуҳавои чангу ғуборолуд боқӣ мемонад.

Дар вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар низ ба ҳамин монанд обуҳаво пешгӯӣ шуда, дар шимоли кишвар, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд ҳарорат шабона ва субҳ 20-23 ва рӯзона то 30 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла шаҳри Хоруғ ҳарорат шабона 15 ва рӯзона то 28 дараҷа гарм мешавад, лекин дар ин ҷо ҳам ҳоло боришот дар назар нест.

Ин ҳафта шояд ҳафтаи охирини мавсими оббозӣ бошад. Дар ҷанубу ғарби кишвар ҳарорати мусоид то охири ҳафта боқӣ монда, аз ин рӯ, ин ҳафта метавонад охирин имкони шиноварӣ ва ҳатто офтобгирӣ бошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.