Агар бемории коронавирус Сафарбек Солеҳ, коргардони пуровоза ва мустанадсози маъруфи тоҷикро дар синни 62-солагӣ аз байни ҳаводоронаш намерабуд, ӯ имрӯз, 15-уми сентябр, 63-сола мешуд.

Сафарбек Солеҳ, ба унвони коргардон ва синамогар, бештар масоили миллиро вориди синамо кард ва ҳамин ҷанбаи кораш, ӯро аз ҳамтоёни дигараш хеле мутафовит намуда буд.

Ин коргардони тоҷик дар маҷмӯъ, беш аз 20 филми мустанадро дар мавриди чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон ва мавзӯҳои аз чашмҳо пинҳонмондаи таъриху фарҳанги тоҷикон ба ҷаҳониён ошно намуд, ки онҳо то ҳанӯз аз ҷумлаи беҳтарин офаридаҳои синамогарони тоҷик номбар мешаванд.

Нахустин филмашро соли 1989 бо номи ''Жакон'' ба навор гирифт ва он аз рӯзгори гӯрӯғлихони маъруф Ҳикмат Ризо омода шудааст. Ин филм худи ҳамон сол дар Порис ҷоизаи "Беҳтарин филм дар бораи инсон"-и ЮНЕСКО-ро сазовор шуда буд. Гуфта мешавад, ки маҳз ҳамин ҷоиза роҳи Сафарбек Солеҳро барои идомаи кор дар синамо ҳамвор кардааст.

Дар филмҳои баъдии "Ашагулон", "Қобус" ва "Дар диёри қаҳрамони халқ" эҷодиёти ӯ оҳанги қавии иҷтимоӣ гирифт ва бо тасвири чеҳраҳои маъруфи фарҳангу сиёсат ба сарнавишти таърихии тоҷикон гиреҳ хӯрд.

Ин коргардон аз нахустин касоне буд, ки дар бораи Наврӯз филми “Ба номи Ҳурмуз”-ро таҳия кард. Ӯ дар як суҳбате бо хабаргузории “ТojNews” дар робита ба ин мустанадаш гуфта буд:

“Он сол ҳам хостам дар бораи Наврӯз филм бардорам, чун касе то он замон инчунин кореро анҷом надода буд. Баъди суҳбат бо донишмандони маъруфи кишвар Нодир Одилов, Мирбобо Мирраҳим, Нисор Шакармамадов, ки воқеъан ҳам дар бораи Наврӯз тасаввуроти комилу назари олимона доштанд, сенарияи онро навиштам. Ва албатта, аз осори таърихӣ дар мавриди Наврӯз мавод пайдо кардам. Бахусус, аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, аз “Наврӯзнома”-и Хайём, “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Гардезӣ ва ғайра истифода бурдам. Чанд гурӯҳи корӣ созмон додам, ки якбора дар манотиқи мухталиф ҷашни Наврӯзро, ки нав иҷозаи таҷлилаш содир шуда буд, филмбардорӣ кунанд”.

Ин филм аз шуҳрати ҷаҳонии зиёде бархӯрдор шуд. Дар Маскав ''Совэкспортфилм'' онро бо забони инглисӣ тарҷума ва 47 кишвари олам хариду намоиш дод.

Баъдан Сафарбек "Соярушан", "Байни Нилуфару вақт" ва "Чархофалак", “Гул ба домони диёр", "Ганҷи бодовард", "Ғайриоддӣ" (аз рӯи ҳикояи Чехов), “Ҷазираи умед” ва "Шоҳнома" -ро рӯи пардаи синамо овард.

“Комил” - филми мустанади дигари Сафарбек Солеҳ аст, ки аз саргузашту зиндагиномаи Комил Ёрматов, асосгузори синамои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон қисса мекунад ва он баъди 5 соли заҳмати ӯ соли 2014 рӯи пардаи синамо омад. Ин филм аз дастовардҳои муҳими ӯ шумурда шуда, ҳатто ҷашнвораи "Дидор" дар Душанбе соли 2014 бо ин филм оғоз ёфт.

“Комил Ёрматов яке аз муборизону ҷанговарони инқилоб буд. Ва чун як нафари фаъол барои таҳсил ба Маскав фиристода шуд. Таҳсилоти хуби ҳам суннатӣ ва ҳам дунявӣ доштанд. Чун забони немисиро ҳам медонистанд, дар як муддати муайян дар соҳаи синамо муваффақиятҳои зиёде ба даст оварданд”, - чунин посух дода буд Сафарбеки Солеҳ дар як суҳбаташ дар бораи он ки чаро маҳз Комил Ёрматовро қаҳрамони филми мустанади худ интихоб кардааст.

Охирин мустанади Сафарбек Солеҳ  "Нисор" ном дошт, ки дар мавриди сарнавишти Нисор Муҳаммад Юсуфзайи Афғон, яке аз бунёдгузорони мактабу маориф дар Тоҷикистон сохта, ду моҳ пеш аз маргаш, 8-уми майи соли 2021 дар кинотеатри "Зебуниссо" рӯнамоӣ кард. Он аз сарнавишти нафаре қисса мекард, ки дар солҳои таъқиботи сталинӣ, дар соли 1937 бо айбномаи сохта кушта шуд.

Коргардон хешовандони Нисор Муҳаммадро дар Маскаву Пешовари Покистон пайдо кардаву бо онҳо ҳамсуҳбат шудааст. Аммо ҳамагирии вируси куруно бархе аз нақшаҳои коргардонро барои сохтани филм тағйир додааст.


Аз назари коргардон, Нисор Муҳаммадро хидматҳои фаровоне барои рушди фарҳангу маорифи тоҷикон кардааст, аммо саранҷом дар октябри соли 1937 ҳангоми бозпурсӣ ба ҷурмӣ ҷосусӣ ва миллатгароии буржуазӣ, бидуни ҳукми додгоҳ кушта мешавад. Бо гузаштаи чанд сол, албатта ӯ сафед мешавад.

Нигоҳи дигари Сафарбек Солеҳ

Сафарбек Солеҳ дар баробари филмҳои мустанад чанд филми ҳунарӣ ҳам рӯи пардаи синамо овардааст, ки аз ҷониби мухлисонаш хуб пазируфт шуданд. Мунаққидони синамо филмҳои ҳунарии ӯро 4 адад ҳисоб кардаанд.

Филми "Ангуштарини арусӣ" аввалин филми ҳунарии Сафарбек Солеҳ аст.

"Тақвими интизориҳо" филми ҳунарии дуввуми коргардон аст, ки дар Тоҷикистон ва бо маблағи худаш филмбардорӣ шудааст. Он соли 2005 рӯи пардаи синамо омад. Дар он ҳунарпешаҳое, чун Нуруллоҳ Абдуллоев, Шодӣ Солеҳов, Насриддин Нуриддинов, Асламшо Раҳматуллоев, Елена Холина ва Александр Рубсов нақшофарӣ кардаанд.


Сужаи филми «Тақвими интизорӣ» зиндагии мушкили мардуми кӯҳистони Тоҷикистон, бахусус дар фасли сармо, интизориҳои аҳли хонаводаҳо дар роҳи омадани баҳор ва муҳоҷирони корӣ, пайванди наслҳо, дӯстии миллатҳоро дар бар гирифтааст. Филм бо чаҳор забон - русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва итолиёвӣ тарҷума шудааст.

"Ҳамсояҳои наққош" аз дигар филмҳои ҳунарии ин коргардони пуровоза аст.

Сафарбек Солеҳ кӣ буд?

Сафарбек Солеҳ, дар баробари коргардонӣ, солҳои охир ба корҳои рӯшангарӣ низ пардохта, таҳлил ва интиқодҳое низ дар мавриди равандҳои фарҳангиву иҷтимоии ҷомеа мекард ва ашъори интиқодие низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекард.

Соли 1980 бахши забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм мекунад, вале ба синамо, ки бештар майл дошт, ба сӯйи ҳунар меравад. 

Ахиран ин ишқ ӯро ба Мактаби олии сенариянависон ва коргардонҳои Маскав бурд ва  соли  1993 ин мактабро хатм кард. 


Муддате дар киностудияи “Тоҷикфилм” коргардон буд. Соли 2004 баъди хатми бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ва дарёфти дипломи ҳуқуқшинос муддате коршиноси ҳуқуқии Бонки ҷаҳонӣ буд ва баъди он, ба Душанбе баргашта, то поёни умр, дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Рӯйхати филмҳои офаридаи Сафарбеки Солеҳ:

1.  "Жакон" 1988 (филми мустанад)

2.  "Ашаглон" 1988 (филми мустанад)

3.  "Kобус" 1988 (филми мустанад)

4.  "Дар диёри қаҳрамони халқ" 1988 (филми мустанад)

5.  "Ба номи Ҳурмуз" 1988 (филми мустанад)

6.  "Ҳадди охир" 1988 (филми мустанад)

7.  "Мадори ҷустуҷӯ" 1989 (филми мустанад)

8.  "Дарё" 1989 (филми мустанад)

9.  "Соярушан" 1990 (филми мустанад)

10.  "Байни нилуфару вақт” 1990 (филми мустанад(

11.  "Гул ба домони диёр" 1990 (филми мустанад)

12.  "Ганҷи бодовард" 1990 (филми мустанад)

13.  "Ғайриоддӣ" (аз руи ҳикояи А. Чехов) 1991 (филми мустанад)

14.  "Чархофалак" 1991 (филми мустанад)

15.  "Ҷазираи умед” 1999 (филми мустанад)

16.  "Шоҳнома" 1999 (филми мустанад)

17.  “Комил” 2014 (филми мустанад)

18.  "Ангуштари арӯсӣ" 2002 (филми ҳунарӣ)

19.  "Ҳар рӯз дар набард" (2004) (филми мустанад)

20.  "Тақвими интизорӣ" 2005-2066 (филми ҳунарӣ)

21.  "Нусур"2007 (филми мустанад)

22.  "Ҳамсояҳои наққош" (филми ҳунарӣ).

23.  "Нисор" 2021 (филми мустанад)

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед