Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи худидоракунии шаҳраку деҳотро ба баҳс кашиданд.

Фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба кадом  принсипҳо асос ёфтааст?

Қонун «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» санаи 5 августи соли 2009 қабул гардидааст. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва молиявии онро муайян менамояд. Мувофиқи талаботи моддаи 5-и қонуни мазкур, фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- принсипи қонуният ва адолати иҷтимоӣ;

- принсипи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- принсипи демократия, ошкорбаёнӣ ва ба эътибор гирифтани афкори омма;

- принсипи мустақилият, худидоракунӣ ва масъулият дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта;

- принсипи ҳисоботдиҳанда будан дар назди аҳолӣ;

- принсипи иштироки шаҳрвандон дар худидоракунии маҳаллӣ;

- принсипи мутобиқати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ;

- принсипи коллегиалӣ будани фаъолияти Ҷамоат.

Ҷамоат ҳамчун мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколати худ санадҳои маъмуриро дар кадом шакл қабул менамояд? Аз болои санадҳои Ҷамоат ба кадом мақомот шикоят намудан мумкин аст?

Мувофиқи моддаи 9, иловаи 1-и Қонун «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» Ҷамоат дар доираи ваколати худ қарор қабул мекунад. Қарорҳои Ҷамоат, ки дорои хусусияти умумиҳатмӣ мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ фиристода мешаванд. Тартиби интишори расмӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои Ҷамоатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Қарорҳои Ҷамоат дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот амал намуда, иҷрои онҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад. Шахсони  воқеӣ  ва  ҳуқуқӣ метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санадҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба суд шикоят намоянд.

Санадҳои Ҷамоат, ки аз болои он прокурор эътироз овардааст, аз ҷониби кадом мақомот баррасӣ карда мешавад?

Мувофиқи моддаи 43-и Қонун «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» санадҳои Ҷамоат, ки аз рӯйи он прокурор эътироз овардааст, дар маҷлиси Ҷамоат баррасӣ карда мешаванд. Санадҳои Шӯрои Ҷамоат, ки ба онҳо прокурор эътироз овардааст, аз ҷониби шӯрои Ҷамоат баррасӣ карда мешаванд. Санадҳои раиси Ҷамоат, ки оид ба онҳо прокурор эътироз овардаст, аз ҷониби раис баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати қонеъ нагардидани эътироз, прокурор метавонад нисбати санадҳои шӯрои Ҷамоат ва раиси Ҷамоат ба Маҷлиси Ҷамоат муроҷиат намояд. Ҳангоми қонеъ нагардидани эътирозҳои зикргардида прокурор метавонад ба суд муроҷиат намояд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.