Сафоратхонаҳои Русия дар хориҷа қабули дархостҳоро барои анҷоми расмиёти додани шиносномаҳои хориҷии биометрӣ, ки ба муҳлати 10 сол амал мекунанд, барқарор карданд. Дар ин бора дар хабари департаменти консулгарии ВКХ Русия сухан меравад.

“ВКХ Русия ҷиҳати мунтазам додани шиносномаҳои хориҷӣ бо муҳлати 10 соли амал тадбирҳои иловагӣ андешида, мушкилоти техникӣ рафъ шуд”, - омадааст дар хабар.

Аз сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, ки қабули аризаҳо барои гирифтани шиносномаи насли нав бо 10 сол муҳлати амал аз 20 сентябр барқарор карда мешавад.

Қаблан ВКХ Русия додани шиносномаи хориҷии насли навро боздошта, дар ҳамин ҳол, гирифтани шиносномаҳои хориҷии маъмулиро бо муҳлати амали 5 сол мисли пешина боқӣ монда буд.

Сабаби ин зарурати аз нав ба кор даровардани низом ва дигар кардани шакли шиносномаҳо унвон шуд. Азбаски шиносномаҳои насли нав дорои интиқол (ҳомил)-и электронии иттилоот мебошанд, дар баробари рушди пешрафти техникӣ, назди мутахассисон зарурати такмили он ба миён меояд.

Барои бартараф намудани камбудиҳои техникӣ камтар аз як моҳ вақт лозим шуд. Акнун шаҳрвандони Русия метавонанд дубора барои гирифтани шиносномаи насли нав, аз ҷумла ба сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.