Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хунук шудани обуҳаворо дар ҳафтаи оянда пешгӯӣ мекунад. То охири ҳафта обуҳавои то 34 дараҷа гарм боқӣ мемонад.

Аз рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда обуҳаво дар саросари кишвар то 30 дараҷа поин рафта, моҳи октябр бошад, ҳарорат дигар аз 20 дараҷа боло намеравад.

Дар ҳамин ҳол, то даҳаи сеюми моҳи октябр боришот дар назар нест.

Дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҳарорат то рӯзи чоршанбеи ҳафтаи оянда 32-34 дараҷа гарм шуда, аз 28 сентябр поин меравад.

Обуҳавои нисбатан хунуктар дар шаҳри Хоруғ ва саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ мешавад. Айни замон ҳаво дар он ҷо то 27 дараҷа гарм буда, лекин аз оғози моҳи октябр обуҳавои гарм аввал то 8 ва сипас то 4 дараҷа поин меравад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.