Дирӯз, 22-уми сентябр Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ ва Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара рафта, аз хонаҳои сокинон, ки бар асари даргириҳои ахири марзӣ тахриб шуда буданд, дидан намуд.

Дар ин бора дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, раиси вилоят аз тамоми манзилҳои истиқоматии харобшудаву зарардида дидан карда, барои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо, сафарбаркунии нерӯи иловагӣ барои иҷрои саривақтии корҳо, дастгирии сокинони зарардида ба масъулини вилоят ва шаҳри Исфара супоришҳои мушаххас дод.

"Барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон таҳти таваҷҷуҳи сарвари давлат қарор дошта, аз пойтахти мамлакат барои зарардидагон маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон барои дар муҳлати кутоҳтарин барқарор намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 ба шахсони масъул дастур дод.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи муноқишаи низомии Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 14 то 18-уми сентябр идома кард, даҳҳо хонаву иншооти дигар дар минтақаҳои наздимарзӣ вайрону валангор шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.