Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки имрӯз, 5-уми октябр, 70-сола мешавад, зодрӯзашро дар иҳотаи фарзандону пайвандонаш ҷашн мегирад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ӯ гуфт, 5-уми октбяр барои Эмомалӣ Раҳмон рӯзи муқаррарии корӣ аст ва ба муносибати зодрӯзи президент дар кишвар баргузории чорабиние дар назар нест.
“Зодрӯзашонро Ҷаноби Олӣ пас аз соати корӣ, дар оила, дар иҳотаи фарзандону пайвандонашон ҷашн мегиранд”, - гуфт Абдуфаттоҳ Шарифзода.
Таҷлили зодрӯз дар ҳалқаи оила аз сӯи президент дар ҳолест, ки шурӯъ аз субҳи имрӯз, чанде аз роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти кунунии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва дигарон бо ирсоли номаи табрикотӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 70-солагиаш табрик карданд.
Ҳамчунин, корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷикзабон низ бо нашри аксу наворҳои Эмомалӣ Раҳмон президентро бо ҷашни зодрӯз муборакбод менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон 19-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар интихоботи рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ президенти Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳамин тариқ, 6-уми ноябри соли 1999 дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол президенти Тоҷикистон интихоб гардида, 6-уми ноябри соли 2006 бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол роҳбари Тоҷикистон шуд. Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли 2013 бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон пирӯз гардид.
Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2016 дорои унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад ва аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияш дар интихобот бархӯрдор аст. Бори охир соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ ғалаба кард ва барои ҳафт соли дигар роҳбари давлат шуд.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста