Пас аз манъи вуруди мошинҳои мусофиркаш ва боркаш аз самти вилояти Суғд ба Душанбе, шаҳрдории пойтахт ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Бохтарро низ муваззаф кард, ки аз терминали “Дарвозаи ҷанубӣ” мусофир гиранду фароранд.

Ин дастур мазкур, дирӯз, 25-уми октябр, дар ҷаласае таҳри роҳбарии Фирдавс Саидзода, муовини шаҳрдори Душанбе бо роҳбарони сохторҳои марбута, корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт ва ронандагону мусофироне, ки ба самти Бохтар мусофир мекашонанд, ироа гардид.

Ӯ гуфтааст, қарори раиси шаҳри Душанбе дар робита ба истифодаи терминали “Даррвозаи ҷанубӣ” 14-уми декабри соли 2020 ба имзо расида буд ва мақсади он ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

“Бо вуҷуди фароҳам овардани шароити мусоид ба ронандагон ва мусофирони ба ҳудуди пойтахт воридшаванда, то ҳанӯз мушкилот дар ин самт ба назар расида, қисме аз ронандагон худсарона дар гушаҳои гуногуни шаҳр бахусус, дар кӯчаи Н. Қарабоев (истгоҳи бозори Саховат), назди биноҳои истиқоматӣ нуқтаи таваққуф ташкил намуда, ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул мебошанд, ки ин ҳолатҳо тамбашавии роҳу нақлиётро дар ин масир ба миён оварда, боис ба халалдор гардидани оромии истиқоматкунандагони ин минтақа гардидааст”,- нигаронӣ кардааст Саидзода.

Дар робита ба ин, номбурда аз  ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Бохтар, ки худсарона дар кӯчаи Неъмат Қарабоев (истгоҳи бозори Саховат) ба мусофирбарӣ машғул мебошанд, талаб кардааст, ки фаъолияти мусофирбарии худро тибқи талаботи мавҷуда аз терминали “Дарвозаи ҷанубӣ” ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, муовини Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони сохторҳои марбута ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ супориш додааст, ки бо мақсади интиқоли саривақтии мусофирони воситаҳои нақлиёти мусофирбари алоҳида ташкил намуда, мусофиронро аз назди истгоҳи бозори Саховат то терминали “Дарвозаи ҷанбуӣ” ройгон баранд.


Шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, ки ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Бохтар пешниҳодот қабул кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, сар аз 21-уми октябр, тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва ҳамин тавр, аз ин терминал мусофир гирифта ба самти вилояти Суғд бармегарданд.

Қаблан мошинҳои мусофирбари самти вилояти Суғд бо мусофирони худ вориди шаҳр гардида, дар аксар ҳолат мусофирони хешро то ба манзил мерасониданд. Ҳангоми бозгашт, онҳо аз терминали “Маром”, воқеъ дар наздикии корхонаи “Сементи тоҷик” мусофир мегирифтанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.