Дар арафаи зодрӯзаш дар доираи лоиҳаи “Неруи зан” бо ӯ суҳбате доштем. Дар барои он, ки кадом мақсадҳое ӯ дар замони роҳбариаш гузошта буд ва оё то чӣ дараҷа онҳо иҷро шуданд, муқоисаи миқдори занони мақомдор дар замони шӯравӣ ва имрӯз, дар бораи гендер ва шуҷоату иродаи зан. Ин мусоҳибаро мебояд дид!

Гулҷаҳон Бобосодиқова - арбоби давлатӣ ва сиёсии шӯравӣ, котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, дипломат, ходими ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз соли 1947 вориди кори оммавию сиёсӣ шудааст. Тӯли фаъолияти худ шурӯъ аз Кумитаи комсомоли Душанбе то Кумитаи марказии комсомоли ҷумҳуриро роҳбарӣ кардааст. Пас аз Иттифоқи умумишӯравии ленинии коммунистии ҷавонон (ВЛКСМ) ба кори ҳизбӣ гузашта котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизб дар Душанбе, котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон шуда, фаъолият кардааст.

Ӯ вакили Шӯрои Олии ИҶШС, даъватҳои 6, 7, 8 интихоб шудааст.

Солҳои тӯлонӣ раиси Иттиходи занони дорои маълумоти оли дар Тоҷикистон буд.

Мусоҳиба дар доираи Барномаи минтақавии WAGE - “Рӯзномаи соҳибкории занон дар Осиёи Марказӣ” (Повестка женского предпринимательства в странах Центральной Азии) омода шудааст.

WAGE (Women and girls empowered) - консорсиуми глобалӣ оид ба тавсеъаи имконоти занон ва духтарон мебошад.

Барномаи WAGE ба бунёд ва дастгирии паймонҳо (алянсҳо)-и умумимиллӣ ва минтақавӣ равона шудааст. Ҳадафи он - тавсеъаи имконоти занони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои иштирок дар фаъолияти иқтисодӣ мебошад.

Ҳамаи маълумоти иловагиро дар @wage_ca.tj (Instagram, Facebook и Telegram) дарёфт карда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.