Дар пайи манъи вуруди “такси”-ҳои самти Суғду Бохтар ба шаҳри Душанбе, шаҳрдории пойтахт ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисорро низ муваззаф кард, ки аз терминали назди Боғи миллӣ мусофир гиранду фароранд.

Ин дастур, дирӯз, 23-юми ноябр, дар ҷаласае таҳри роҳбарии Фирдавс Саидзода, муовини шаҳрдории Душанбе ва Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Синои пойтахт бо роҳбарони корхонаву ҷамъиятҳои нақлиётии мусофирбари пойтахт ва ронандагону мусофирони самти Турсунзода ироа гардид.

Ба гуфтаи мақомот, ин тасмим, бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе рӯйи даст гирифта шудааст.

Акс аз саҳифаи фейсбуки Душанбенақлиётхадамотрасон

Гуфта мешавад, ки барои таксиҳои ин самт дар назди Боғи миллӣ нуқтаи таваққуфии нақлиёти мусофирбар сохта шудааст ва ронандагону мусофиронро зарур аст, ки шуруъ, аз рӯзи 21-уми ноябри соли ҷорӣ аз хизматрасонии  таваққуфгоҳ истифода кунанд.

Фирдавс Саидзода ба масъулин супориш  додааст, воситаҳои нақлиёти мусофирбари алоҳида ташкил намуда, мусофиронро аз маҳаллаи Зарнисор ба терминали мазкур интиқол диҳанд. 

Манъи вуруди мусофирбарони самти Турсунзодаву Шаҳринав ва Ҳисор дар ҳолест, ки дар гузашта шаҳрдорӣ вуруди таксиҳои самти Суғд ва Бохтарро низ ба Душанбе манъ карда буд.

Ҳамин тавр, тамоми мошинҳои мусофирбар, ки аз самти вилояти Суғд меоянд, дар терминали навбунёди “Чорбоғ” таваққуф мекунанд ва аз ин терминал мусофир гирифта ба самти вилояти Суғд бармегарданд.

Мусофирбарони самти Бохтар, ки пештар дар назди “Бозори Саховат” мусофир мегирифтанд, муваззаф шуда буданд, ки аз терминали “Дарвозаи ҷанубӣ” мусофир гиранду фароранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.