Ҷашни 100-солагии Меҳрубон Назаров, собиқ вазири маданияти Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 26-уми ноябр дар Душанбе таҷлил гардид. Дар ин ҷашнвора чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу ҳунари тоҷик ширкат варзиданд ва ин солгард бо шукӯҳ ҷашн гирифта шуд.
Толори Театри давлатии драммавии ба номи А. Лоҳутӣ дар ин рӯз пур аз одам буд. Дар ошёнаи дуюми толор ҷавонони зиёде рост меистоданд. Ҳама бо ҳавасмандии зиёд мунтазири оғози барнома буданд.
Ортиқи Қодир, ҳунарпеша ва наттоқи шинохта, ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид ва рӯзгори сипаринамудаи Меҳрубон Назаровро қисса кард.
Обид Назариён, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, 100-умин солгарди Меҳрубон Назаровро аз номи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон таҳният гуфта, аз корҳои мондагори собиқ вазири маданият ёдоварӣ кард.
Ҳамин тавр, Қозидавлат Қоимдодов, раиси Шабакаи “Оғохон”, аз рӯзгори Меҳрубон Назаров сухан ронда, гуфт, “мавсуф ҳеч гоҳ аз норасоии таъминоти маишӣ шикоят надошт, вале аз коҳиши маънавият дар кишвар нигаронӣ мекард”.
Ӯ таъкид намуд, “Меҳрубон Назаров ягона вазири маданияте буд, ки дипломатияи мадании кишварҳои ҷавоҳири шӯравиро ба ҳамдигар муаррифӣ менамуд”.
“Меҳрубон Назаров рӯҳияи сангаршикан дошт ва ноумедиро намепазируфт. Қалби бузургу меҳрубон дошт. Ӯ дар баҳор ба дунё омад ва дар баҳор аз олам даргузашт. Ӯ баҳорӣ буд.”, - гуфт Қозидавлат Қоимдодов.
Баъдан, филми мустанади “Меҳрубон Назаров” манзури бинандагон гардид. Ин мустанад ба таври кӯтоҳ ва мушаххас аз рӯзгори соҳибҷашн ҳикоят мекард ва давраи вазири маданият будани мавсуфро ба тасвир мекашид.
Дар ин мустанад аз бунёдгузории Меҳрубон Назаров ишораҳо гардида, гуфта шуд, ӯ аз ташкилкунандаи факултаи санъати Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (соли 1967), Ансамбли рақсии “Лола” дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон (соли 1965), Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов (соли 1971), Донишкадаи санъату ҳунари ба номи Мирзо Турсунзода (соли 1973), Театри мазҳакавию мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов дар Бохтар буд.
Ҷӯрабек Муродов, Давлатманд Холов ва Афзалшоҳ Шодиев - сарояндагони шинохтаи кишвар бо созу оҳанг аз Меҳрубон Назаров ёд карданд.
Пас аз ин, намоиши “Дасти дӯст” ва монологи “Гунаҳгорони бегуноҳ”, ки дар гузашта нақши онро шахсан Меҳрубон Назаров иҷро кардааст, манзури тамошобинон гардид.
Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, санъатшиноси тоҷик, мақоми мадании қаҳрамони барномаро дар соҳаи санъат, тадрис ва роҳбарии ин бахш бисёр бузург ва мондагор шуморида, гуфт, мактаби мавсуф идома дорад ва роҳу равиши ӯ дар таҷрибаҳои имрӯза ба кор бурда мешаванд.
Ҳамчунин, Тиллои Некқадам, рӯзноманигор ва филмшинос, китоби маҷмӯи песаҳои мавсуф бо номи “Ёди ёри Меҳрубон”-ро рӯнамоӣ кард.
Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик, намоишномаи “Ҳалокати одат” аз рӯи таҳияи Меҳрубон Назаров ба саҳна гузошта мешавад.

Далер Назаров, сарояндаи номвар ва писари Меҳрубон Назаров, бо шӯру ҳаяҷони хоса ба саҳна баромад ва изҳори мамнунияти худро расонид.
“Падарам ҳама корашонро аз рӯи меҳр анҷом медод ва қалби тозазу беолоиш дошт. Ба ҳар нафаре, ки имрӯз ӯро дар қалбаш ҷой додааст, ташаккури зиёд мегӯям. Ва ин ҷашнвораро Гурӯҳи “Равшандилон” бидуни ҳеч кадом фармоишу дархосте ба роҳ мондаанд, сипос мегӯям ба ин гурӯҳ”, - гуфт дар саҳна Далер Назаров.
Далер Назаров оҳанги “Ту рафтию тасвири ту дар дидаи ман монд”-ро ба падараш бахшид ва чорабиниро созу навои мутантан ба поён расонд.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми майи имсол Меҳрубон Назаров, яке аз хушномтарин вазири фарҳанги Тоҷикистон 100-сола шуд. Ӯ дар баҳори соли 1993, дар сахтарин рӯзҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар, дар синни 71-солагӣ даргузашт. Шахсияте, ки як силсила корҳои бунёдиву ибтикороти стратегии бахши фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ба номи ӯ марбут аст.
Дар маводи зерин, метавонед, дар бораи нақш ва мақоми Меҳрубон Назаров дар фарҳанг ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон шинос шавед.
Тоҷикистон дар ҷойи охир. Муқоисаи нарх ва суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
Вокуниши Кумитаи андоз ба хабари “Азия-Плюс”
Як ҳафтаи ҷаҳон: моҷарои ҷосусӣ байни Вашингтон ва Пекин, бастаи нави таҳримҳо, авф дар Эрон
Ширин Амонзода: “Ба кори илмӣ машғул мешавам”
Дарахтро беиҷоза буриданду мошинро дар ҷойи манъшуда шустанд? Ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист шикоят баред
WGC: Захираҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли гузашта 4 тонна зиёд шуданд
НАВШУДА. Сафорати Тоҷикистон дар Туркия: Дақиқ хоҳем кард, ки миёни қурбониёни заминларза шаҳрванди мо ҳаст ё не
“3-4 рӯзи охир ва 3-4 рӯзи аввали моҳ”. Раиси “Амонатбонк” норасоии пули нақд дар банкоматҳоро шарҳ дод
“Моро даъват кунед, то худро дифоъ намоем”. Хоҳиш ва умеди Толибон аз Маскав
Имдодгарони КҲФ ҷасади 2 нафарро аз дарёҳо берун гирифтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста