Шурӯъ аз 29-уми ноябр, дақиқан як рӯз пас аз ҳодисаи аз болои пул сарозер шудани таксӣ дар Душанбе, масъулини ниҳодҳои марбутаи пойтахт якбора ба санҷиши таксиҳои мусофиркаш пардохтанд. Онҳо рақами қайди давлатии таксиҳоро канда, даъво пеш овардаанд, ки дар асоси қарори махсус дар роҳҳои пойтахт танҳо мошинҳои истеҳсолашон баъди соли 2016 метавонанд ба аҳолӣ хидмат расонанд.

Аллакай, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде нашр мешавад, ки таксиҳои зиёде бидуни рақами қайди давлатӣ дар кӯчаҳои шаҳр ҳаракат мекунанд. Ронандагони таксиҳо шикоят мекунанд, ки мақомот монеаи фаъолияти онҳо мешаванд.

Масъулини “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ки мақоми танзимкунандаи нақлиёти мусофирбар дар пойтахт аст, зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” манъи фаъолияти таксиҳои соли бароришашон то соли 2016-ро тасдиқ карда, гуфтанд, ки иқдоми мазкур бар асоси қарори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз соли 2019 роҳандозӣ шудааст.

“Ин тадбир баъди дархости Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 3 апрели соли 2019 (№ 8/1-107) бо мақсади таъмини бехатарии мусофиркашонӣ, беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт ва афзалият додан ба нақлиёти ҷамъиятии бузургҳаҷм рӯи даст гирифта шудааст”, - гуфтанд аз “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки айни ҳол дар пойтахт 12 ширкати таксӣ бо 5 ҳазору 579 мошини сабти ном ба аҳолии пойтахт хидмат мерасонанд ва маҳз зиёд будани шумори таксиҳо дар роҳҳои шаҳр ҳодисаҳои танбашавии нақлиётро ба вуҷуд меорад.

Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли 2019 бо фармоиши вазири вақти нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода таҳти №83, шурӯъ аз соли 2020 ба мошинҳои истеҳсоли то соли 2014 хизматрасонӣ ба мусофирон дар хадамоти таксӣ иҷоза дода намешавад. Тавре ронандагон иброз меборанд, ҳоло мошинҳои соли бароришашон 2016 низ мавриди санҷиш қарор гирифта, рақами қайди давлатиашон гирифта шудааст.

Аз “Душанбенақлиётхадамотрасон” масъалаи мазкурро чунин шарҳ доданд:

“Дар асоси меъёр як ширкати таксӣ бояд то 1000 таксӣ дошта бошад, вале бештари ширкатҳои таксӣ аз меъёр зиёд истифода мекунанд ва аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки таксиҳое, ки дар қайд нестанд ва солашон нисбатан кӯҳна аст, аз фаъолият боздорем. Масалан, як ширкати таксӣ тибқи ҷадвал бояд 1000 мошин дошта бошад, аммо 1200 мошин дорад. Аз ин рӯ, барои шумораи мошинҳоро кам кардан, ширкат мошинҳои соли бароришашон то соли 2016-ро аз хатсайр мебарорад”.


Дар қарори зикргардидаи Вазорати нақлият аз 11 хадамоти таксии пойтахт танҳо ширкати “Олуча таксӣ” аз иҷрои ин фармоиш озод аст, зеро ҳамаи мошинҳояш истеҳсоли 2017 мебошанд.

“Чӣ гуна зиндагӣ кунем?”

Ин санҷиши ногаҳонӣ ва монеъ фаъолияти озоди таксиҳо шудани мақомот нигаронии ронандагонро ба бор овардааст. Онҳо мегӯянд, ки дар дуроҳа қарор гирифтаву намедонанд, чӣ кор кунанд.

“Ман бояд хонаводаамро хӯронам. “Toyota Corolla”-и ман истеҳсоли соли 2012 аст, агар нагузоранд, ки кор кунем, пас мо маҷбур мешавем, ки аз хидматрасонии ширкати таксӣ даст кашем ва ба аҳолӣ ҳамчун таксии оддӣ хидмат расонем. Дар акси ҳол, оиларо чӣ гуна таъмин мекунем? Маблағи таҳсили кӯдаконро чӣ гуна пардохт кунем?»,-нигаронӣ кард ба «Азия-Плюс» яке аз ронандагони таксӣ, ки бидуни рақами қайди давлатӣ дар назди идораи мо меистод.

Ӯ “Toyota Corolla”-и худро ба иҷора гирифтааст. Вақте ин тасмимро ба ӯ расониданд, соҳиби мошин онро ба нисфи қимат ба ӯ фурӯхт.

“Ман мошини “Toyota Corolla Axio”-ро бо қарз харидаам. Қарзро ҳамагӣ 8 моҳ пеш пурра пардохт кардам. Ҳамин, ки ман аз қарз халос шудам, чунин маҳдудият ҷорӣ шуд. Чӣ гуна зиндагӣ кунем? Ҳоло фикр мекунам, ки мошинро фурӯшам ва ба муҳоҷират равам", — гуфт ба «Азия-Плюс» як соҳиби таксии дигар.

Ба гуфтаи вай, мошинаш истеҳсоли соли 2015 аст. Ӯ мошини худро бидуни рақами қайди давлатӣ дар назди яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт пайдо кард. Ин ронандаи таксӣ мегӯяд, ки ҳамаи талаботи хидматрасонии таксиро иҷро мекард, пайваста андозу боҷ, суғурта ва ғайраро пардохт менамуд, аммо ҳоло нигарон аст, ки кор бо мошинашро дар шаҳр манъ кардаанд.

«Маълум мешавад, ки ин посухи мақомоти маҳаллӣ барои пардохти андоз ва риояи қонун ба ман аст», - шӯхӣ мекунад ӯ.

Ронандаи дигари таксӣ, ки мошини худро бе рақамҳои қайди давлатӣ пайдо кардааст, мегӯяд, ки беҳтар аст мақомот дар пайи кӯмак ба мардум бошанд, на ин ки ҳар гуна монеъ эҷод кунанд.

“Магар беҳтар нест, ки ба шаҳрвандон ба ҷойи мушкилоте, ки барояшон эҷод мекунем, кӯмак расонем?”, - мегӯяд як ронандаи таксии “Хундай Соната”.

Ба электромобил гузаштан беҳтар аст?

Ронандагоне, ки қаблан медонистанд, мошинҳои истеҳсоли соли 2014 рӯзе истифодаашон дар пойтахт манъ мешавад, тавсия медиҳанд, ки ронандагон мошинҳои барқӣ харанд ва ё қарз гиранд.


«Чанд моҳ пеш, ман як мошини барқии чинии “Build Your Dream”-ро ба маблағи 24 ҳазор доллар барои ду сол қарз гирифтам. Нисфи ин маблағро ман ба бонк додам. Ҳар рӯз 500 сомонӣ, баъзан 600 сомонӣ кор мекунам. Дар як моҳ метавон 15 ҳазор сомонӣ ва бештар аз он ба даст овард ва бо назардошти поин рафтани қурби доллар, қарзро пеш аз мӯҳлат пардохт мекунам. Мошини кӯҳнаро фурӯшед, нисфи маблағро дода, мисли ман мошин гиред!”, - маслиҳат дод соҳиби яке аз мошинҳои барқӣ дар пойтахт.

Танзими пайвастаи хадамоти таксӣ

Гуфтан ба марид аст, ки ин аввалин маротиба нест, ки мақомоти фаъолияти хадамоти таксӣ дар пойтахтро ба танзим медароранд. Қаблан низ ҷиҳати танзими фаъолияти хадамоти таксӣ қарорҳо содир шуда буданд.

Масалан, оғози соли 2019 раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур содир намуд, ки тибқи он ронандагони таксиҳо вазифадор гардиданд, мошинҳои худро ранги зард намоянд ва нишонии ширкати хизматрасонро қайд намоянд.

Соли 2018 бошад, шаҳрдорӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод намуд, ки сиёҳ кардани оинаҳои мошинҳои ҷамъиятӣ манъ карда шавад ва сабаби ин пешниҳодро таъмини бехатарии мусофирон гуфта буд.

Моҳи марти соли гузашта ҳукумати кишвар сиёҳ кардани оинаҳои мошинҳои ҷамъиятӣ манъ кард.

Аз 15 феврали соли 2018 бо қарори ҳукумат ворид кардани мошинҳои соли бароришашон то соли 2005 манъ карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.