Ҳамасола 1-уми декабр чун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО қайд карда мешавад. Ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба ВНМО ва намоиши ҳамбастагии байналмилалӣ дар муқобили пандемия мебошад.
Бемории Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО фаъолият доранд. Ва ҳар як шахс метавонад ба ин марказҳо муроҷиат намояд ва маълумоти заруриро доир ба ин беморӣ дастрас кунад.
Тавре Алиҷон Солиев, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО, ба «Азия-Плюс» хабар дод, аз соли 1991 то 30 сентябри соли 2022 дар маркази онҳо 14 ҳазору 800 нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд.
Ба гуфтаи Солиев, аз ин шумора 4 ҳазор 115 нафар ҳалок шудаанд. Бештар аз ҳама мардон гирифтори бемори буда, 9 ҳазору 433 нафарро ташкил медиҳанд. Занон бошад 5 ҳазору 367 мебошанд. Инчунин, 1 803 нафар беморонро кӯдакони то 18-сола ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, то 1-уми октябри соли равон 10 ҳазору 685 нафар гирифтори ВНМО мебошанд. Ҳамчунин, 9 ҳазору 338 нафар бо табобат фаро гирифта шудаанд.
«Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 808 ҳолати нави гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, дар ин давраи соли гузашта 732 нафар беморон ба қайд гирифта шудаанд», - афзуд Солиев.
Вай ҳамчунин илова кард, ки теъдоди мубталоён ба ВНМО дар манотиқи кишвар: Душанбе - 3 ҳазору 463, НТҶ – 2 ҳазору 752, вилояти Суғд - 3 ҳазору 410, вилояти Хатлон – 4 ҳазору 389, ВМКБ - 776 нафарро ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар давраи пандемия 29 нафар гирифторони ВНМО ба бемории коронавирус мубтало шудаанд, ки панҷ нафари онҳо фавтидаанд.
Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО гуфт, ки тамоми маводҳои доруворӣ барои бемории мазкур ва табобати он комилан ройгон буда, маводҳои дорувори аз соли 2016 ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Доруҳо ҳамеша дастрас буда, дар интиқоли онҳо мушкиле надоранд.
Ӯ афзуд, ки гарчанде табобат ва доруҳои лозима барои ин беморон ройгон аст, вале аксари онҳо ба дастгирии ҷомеа, оила, дӯстон ва ҳамкорон ниёз доранд.
«Ин одамон ба дастгирии равонӣ ниёз доранд ва ин барои онҳо хеле муҳим аст. На ҳама метавонад дарҳол бемории худро қабул кунад. Ва вақте ки дастгирӣ нест, бисёриҳо руҳафтода мешаванд ва намехоҳанд табобат гиранд. Аммо онҳо бояд донанд, ки бо сирояти ВНМО муддати тӯлонӣ зиндагии комилан муқаррарӣ доштан мумкин аст», - хулоса кард Солиев.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста