Вазорати тандурустӣ ва ҳизфи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар робита ба афзоиши гирифторон ба бемории коронавирус дар кишварҳои ҳамсоя тафтиш дар марз ва фурудгоҳи кишварро пурзӯр кардааст. Ин қарор имрӯз, 2-юми декабр, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳизфи иҷтимоии аҳолӣ қабул шуд.

Тавре Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, бар асоси ин қарор ҳарорати мусофирон дар фурудгоҳ ва дигар нуқтаҳои убури сарҳад санҷида мешавад. Ҳамчунин, бо онҳое, ки сарҳадро убур мекунанд, оид ба ин беморӣ суҳбат гузаронида мешавад.

“Суҳбат дар ҳоле гузаронида мешавад, ки хуруҷи зукоми мавсимӣ низ оғоз шудааст”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Ӯ инчунин афзуд, ки дар сурати доштани ҳарорати баланд, ташхиси коронавирус анҷом ва танҳо пас аз дастрас кардани натиҷаи санҷиш чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

“Ин маънои онро дорад, ки мисли пештара шахсе, ки ташхисаш мусбат баромад, маълумоти ӯ ба беморхонаи ҷои истиқомат равон гардида, ӯ таҳти назорати табибон қарор мегиранд”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Ин масъули вазорат таъкид намуд, ки яке аз сабабҳои сабт нашудани бемории коронавирус дар Тоҷикистон воякӯбии саривақтӣ алайҳи ин беморӣ аст. Ӯ мегӯяд, эмкунӣ алайҳи ин беморӣ идома дорад ва аллакай 5 миллиону 344 ҳазору 966 нафар шаҳрвандони аз 18-сола боло (98,8%) зидди COVID-19 эм карда шудаанд. Онҳо қайд карданд, ки то 2-юми декабр тибқи нақша ба 5 миллиону 274 ҳазору 816 нафар (97,2%) вояи дуюм, 5 миллиону 199 ҳазору 594 (96,1%) нафар бо вояи сеюм эм карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, 1 миллиону 909 ҳазору 455 (57,9%) шаҳрвандон бо вояи чорум эм карда шуданд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон беш аз 9 моҳ аст, ки мавориди гирифторӣ ба коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст, вале барои пешгирии беморӣ эмкунӣ дар кишвар то ҳол идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ натиҷаи ташхиси худро бо тасдиқи гирифторӣ ба бемории коронавирус гузошта, ин иддаои вазорати тандурустиро дар хусуси ба қайд нагирифтани беморӣ, ба чолиш мекашанд.

Вазъият дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна аст?

Бояд гуфт, ки дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳамарӯза бемории мазкур ба қайд гирифта мешавад.

Дар Қазоқистон, моҳи ноябр дар муқоиса бо моҳи октябр 1,6 маротиба беморӣ (аз 453 то 725 ҳолат дар як ҳафта) афзоиш ёфтааст. Ва дар заминаи минтақаҳо, дар давоми як моҳи охир дар се вилояти кишвар – Алмаато, Остона ва вилояти Караганда – афзоиши беморӣ дар як ҳафта то 2,2 маротиба мушоҳида шудааст.

Сатҳи гирифторӣ ба COVID-19 дар Қазоқистон рӯ ба афзоиш буда, рӯзи 1-уми декабр дар Қазоқистон 167 нафар ба коронавирус гирифтор шуданд, хабар медиҳад zakon.kz.

Ҳамзамон, дар Ӯзбекистон давоми як рӯз, дар муқоиса бо Қазоқистон бештар беморон ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин кишвар шабонарӯзи гузашта 272 нафар ба каронавирус гирифтор шудаанд,- хабар медиҳад coronavirusstat.ru.

Ба иттилои манбаъ, теъдоди умумии фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон 1637 нафарро ташкил медиҳад.

То 1-уми декабри соли 2022 дар Қирғизистон дар умум 206 530 мавриди сирояти Ковид-19 сабт шудааст. Ва дар як рӯзи охир 19 нафар ба бемории каранавирус мубтало шудаанд. То 1-уми декабр ягон ҳолати вафоти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.

Ба иттилои coronavirus-tracking.ru, шумори умумии фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Қирғизистон 2991 нафарро ташкил медиҳад. 7133 нафар дар табобат мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.