Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими рӯнамои китоби олим аз Ӯзбекистон Комилҷон Раҳимов “Сарчашмаи тасаввуфи Мовароуннаҳр: ташаккул ва таснифи таълимоти тасаввуф” баргузор шуд.

Муаллифи китоб ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки он тобистони соли 2022 ба сарони кишварҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрии онҳо  дар Хива тақдим шуд.

Киоб ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, озарбойҷонӣ, туркӣ ва русӣ тарҷума шуда, он ба пайдоиш ва ташаккули равияи тасаввуфи Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд бахшида шудааст.

Дар ин китоб ҳарчанд умумӣ бошад ҳам, як давраи муҳими таърихи тасаввуф дар қарнҳои VIII-X, ки то ба ҳол нодида гирифта шудааст, яъне давраи пеш аз мавҷудияти равияи Хоҷагон-Нақшбандия мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

«Дар ин самт дастовардҳои назаррасе ба мо дар Тоҷикистони бародарӣ маълум аст, аз ҷумла, асарҳои пурарзиши донишманди маъруфи тоҷик, академик Кароматулло Олимов оид ба мактаби тасаввуфи Хуросону Мовароуннаҳр сазовори таваҷҷуҳи хосаанд», - гуфт Раҳимов.

Комилҷон Раҳимов

Китоб дар нашриёти “Дониш”-и шаҳри Душанбе аз чоп баромад.  Мутарҷимони китоб Парвиз Иззатуллоев, Тоҷибой Икромов, муҳаррир Абдуллоҳ Субҳон мебошанд.

Чуноне ки директори Институти шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Баҳром Абдуҳалимов таъкид кардааст, тасаввуфшиноси ҷавони ӯзбекистонӣ Комилҷон Раҳимов асари ҷолиберо таълиф намуда, ба ин восита ба пур кардани холигоҳи таҳқиқот дар ин самт кӯшидааст. Ва он як намунаи хуби дастоварди як нафар тасаввуфшиноси муосир дар таҳқиқи мероси муштараки ирфонӣ мебошад.

«Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ рӯйи чопро дидани асари Комилҷон Раҳимов аз тарафи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори муҳим буда, ошноӣ бо дастовардҳои олимони ҳар ду кишвари бародарро бештар менамояд ва барои таҳкими дӯстию бародарии олимони ду халқ хидмат хоҳад кард»,– менависад муҳаррири илмии рисола, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.