Имсол дар доираи қарори ҳукумати кишвар 135 оила аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кӯчонида мешаванд. Дар робита ба ин, тамоми ҳуҷҷатҳо таҳия ва ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст. Дар ин бора Муҳаммад Азизулло, раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи “Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2022-2024» ба ноҳияи Хуросон кӯчонидани 410 оила аз саросари кишвар дар назар аст.

Муҳаммад Азизулло гуфт, тибқи қарори мазкур то соли 2024 аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 40 оила,  Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон - 50 оила, вилояти Хатлон - 305 оила ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ - 15 оила ба нақша гирифта шудааст.

“Аз ин теъдод 135 оила бояд дар соли ҷорӣ, яъне соли 2022, бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гарданд. Ҳукумати ноҳияи Хуросон дар ин самт тадбирҳои дахлдорро амалӣ намуда, ҳуҷҷатҳои лозимаро барои тасдиқ ба унвонии ҳукумати вилоят ва вазорату идораҳои давлатӣ пешниҳод намудааст”, - афзуд Муҳаммад Азизулло.

Дар соли равон, бинобар иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, аз ду ноҳияи ВМКБ 15 хонавода ба Хуросон кӯчонида мешаванд.

“Аз ноҳияи Дарвоз 5 хонавода ва аз ноҳияи Ишкошим 10 оила ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон кӯчонида мешаванд”, - менависад манбаъ.

Ин ниҳод меафзояд, ба иловаи хонаводаҳо аз ВМКБ, ҳамчунин, аз шаҳри Бохтар 5 оила, Левакант - 5, Кӯшониёни - 15, Восеъ - 20, Темурмалик - 10, Муъминобод - 15, Кӯҳистони Мастчоҳ - 15 ва Тоҷикобод 5 оила низ ба ноҳияи Хуросон мекӯчанд. 30 оилаи дигар бошад, аз дохили худи ноҳияи Хуросон мекӯчанд.

Дар ҳоле, ки то охири соли 2022 рӯзҳои башумор мондааст, аммо ҳоло ҳеҷ як аз ин 135 оила ба ноҳияи Хуросон кӯчонида нашудаанд.

Тавре Муҳаммад Азизулло гуфт, масъалаи зикргардида ҳоло ба таъхир гузошта шуда, танҳо дар сурати тасдиқ шудани қарори дахлдори Ҳукумати Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад.

Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Хуросон
Акс: аз сомонаи МИҲД ноҳияи Хуросон

Бояд гуфт, ноҳияи Хуросон минтақаҳои камаҳолии кишвар ҳисобида шуда, кӯчиши сокинон аз саросари ҷумҳурӣ ба ин ҷо аз соли 2007 оғоз гардида буд ва дар давоми солҳои 2007-2021 беш аз 1400 оила аз ҳама маҳдудаи кишвар ба ин ниҳия кӯчонида шудаанд.

Раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон иттилои мазкурро тасдиқ намуда, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” афзуд, солҳои 2007-2008 дар доираи барномаи давлатӣ ба ин ноҳия аз ВМКБ 50 оила ва аз вилояти Суғд 154 оила кӯчонида шуда буданд.

Пас аз ин, тибқи иттилои дастрас ба “Азия-Плюс”, дар солҳои баъдӣ кӯчонидани аҳолӣ аз ҳама қаламрави кишвар ба нақша гирифта шуда, дар солҳои 2013 - 2015 аз ноҳияҳои Айнию Кӯҳистони Мастчоҳ 190 оила, аз ноҳияи Ишкошим 410 оила ба Хуросон кӯч бастаанд.

Ҳамин тавр, бо нақшаи солҳои 2016-2018 аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 80, аз вилояти Суғд 135, аз ноҳияҳои Дарвозу Ишкошими ВМКБ 10 ва аз дохили ноҳия 130 оила, дар доираи нақшаи солҳои 2019-2021 аз 305 оилаи банақшагирифташуда 300 оилааш дар ду минтақаи ноҳия бо замин таъмин гардиданд, ки 60 оилаи онҳо аз ВМКБ, 175 оила аз вилояти Хатлон, 70 оила аз вилояти Суғд буданд.

Муҳаммад Азизулло гуфт, дар ибтидои кӯчиши аҳолӣ дар соли 2007 инфрасохтори ин минтақа саривақт бунёду барқарор шуда, бо мақсади дастрасии осон ба хидматрасониҳои тиббию ба таълим фаро гирифтани фарзандони онҳо дар ин мавзеъ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ бунёд карда шуда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Азизулло гуфт, бо сабабҳои номаълум 5 оила аз ноҳияи Шуғнон аз муҳоҷиршавӣ саркашӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Агентии омор то аввали соли 2021 теъдоди аҳолии вилояти Хатлон 3 млн 425 ҳазор нафар (36% аз теъдоди умумии аҳолии Тоҷикистон), вилояти Суғд - 2 млн 753 ҳазор (29%), ноҳияҳои тобеи марказ - 2 млн 215 ҳазор (23%), шаҳри Душанбе - 880,8 ҳазор (9,2%) ва ВМКБ - 231,4 ҳазор нафар (2,4%)-ро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр, ҳукумати мамлакат бо мақсади танзими муносибатҳои ҷомеа вобаста ба муҳоҷирати ихтиёрии оилаҳо аз як минтақа ба минтақаи дигари ҷумҳурӣ бо мақсади ободкунии мавзеҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида барномаю дурнамоҳо қабул менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.